Тадқиқотчиёни тоҷик аз имконияти омӯзиш аз барномаи АкваКроп баҳра мегиранд

8 феврали соли 2019, Душанбе  Соҳаи кишоварзӣ яке аз калонтарин истеъмолкунандаи оби ҷаҳон бо 70 фоизи захираҳои оби ҷаҳонӣ барои обёрӣ мебошад. Барои Тоҷикистон ин тақрибан 90 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳоли тағирёбии иқлим ва захираҳои маҳдуди об, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфа кардани захираҳо ва баланд бардоштани самаранокии обистифодабарӣ ва ҳосилнокии зироатҳо бо мақсади таъминоти амнияти озуқаворӣ барои аҳолии босуръат афзоянда, алалхусус дар минтақаҳои хушки ҷаҳон афзалият мегардад.

Яке аз чунин воситаҳо, барномаи компютерии АкваКроп (AquaCrop) мебошад, ки аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) таҳия гардида шудааст. Барномаи АкваКроп усули дастрас, дақиқ ва осон мебошад, ки барои истифодабарандагони ниҳой, ба монанди мутахассисон оид ба паҳн кардани донишу таҷриба ва татбиқ намудани комёбиҳо, муҳандисон-гидротехникҳо, кормандони ташкилотҳое, ки ба идоранамоӣ ва истифодаи шабакаҳои обёрӣ алоқаманданд, иқтисодчиён ва мутахассисон оид ба масъалаҳои сиёсат дар соҳаи об, ки барои банақшагирӣ ва таҳлили сенарияҳои истифодабарӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи ташаббус оид ба идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои табий дар ландшафтҳои  истеҳсолоти маҳсулотҳои кишоварзӣ мубталои хушкӣ ва таъсири намак дар Осиёи Марказӣ ва Туркия  (CACILM 2), дар санаҳои 14-18 январ омӯзиш барои мутахассисон ва тадқиқотчиён аз Осиёи Марказӣ бо мақсади шиносой бо модели АкваКроп гузаронида шуд. Семинар дар донишгоҳи Кордова, Испания гузаронида шуда, дар доираи лоиҳаи минтақавӣ аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ  маблағгузорӣ карда шуд.

“Дар Тоҷикистон, ки  аксарияти заминҳои корам аз обёрӣ бисёр вобаста мебошанд, баланд бардоштани иқтидори мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар самти воситаҳои пешқадами мониторинг ва идоракунии захираҳои обӣ баҳри истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ хеле муҳим мебошад,” гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Омӯзиши панҷрӯза аз чор сессия иборат буда, шиносой бо модели АкваКроп, машқҳои имитатсионӣ, ҷамъоварии маълумот ва ташрифи майдонҳои таҷрибавии донишгоҳро дар бар мегирфт, ки ба иштирокчиёни семинар имкон дод, ки таҷрибаи амалии худро ғанӣ гардонанд.

Баъд аз баргашт 20 нафар коршиносон, аз ҷумла 4 нафар мутахассисон ва олимони ҷавони Тоҷикистон, чӣ тавре ки интизорӣ меравад, дониши андӯхтаи худро бо ҳамкорон ва аъзоёни шабакаҳои худ мубодила мекунанд.

Тибқи иттилои корманди миллии техникии ФАО дар Тоҷикистон Далер Домуллоҷонов, ФАО дар рӯзҳои наздик барои муҳандисон-гидротехникҳои ҷавони маҳаллӣ ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ семинар оид ба истифодабарии барномаи АкваКропро  бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои обӣ, омодасозии реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар шароитҳои гуногун, аз он ҷумла маҳдудиятҳои дастрасӣ ба захираҳои обӣ, шарту шароитҳои иқлимӣ ва усулҳои обёрӣ ташкил мекунад.

БУНАФША АЗИМОВА
Мутахассиси кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org