Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии кишвар “Ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат” фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ барои замина гузоштан ба натиҷаҳои баланди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва нигоҳ доштани устувории бозори истеъмолии мамлакат як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ

Дар 9 моҳи соли 2018 аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, инчунин Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» дар таҳрири нав таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, № 160, №165 ва аз 01.08.2018, №376 қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2018 лоиҳаҳо: «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» ва «Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ» тасдиқ (Ратификатсия) шуданд.

Ҳамзамон дар ин давра дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ барои солҳои 2018-2020”, “Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдорӣ давлатӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он” ирсол гардида, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Созмони Исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ» таҳия гардида, ҷиҳати пешниҳод ва баррасӣ намудани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар ин давра дар мувофиқа ба вазорату идораҳо 4 лоиҳа ба маблағи 7,8млн доллари ИМА оид ба «Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ», «Коҳиши сатҳи устуворӣ нисбат ба доруҳои зиддимикробӣ дар соҳаҳои озуқаворӣ ва кишоварзӣ», «Таҳкими иқтидори хизматрасониҳо доир ба паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ», «Таҳкими иқтидори хоҷагидорон ва аҳолии деҳот оид ба истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо» ва Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои солҳои 2018-2020 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Тақвияти соҳаи тухмипарварӣ

Барои гузаронидани кишти зироатҳои кишоварзӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тухмии ғалладонагиҳо 57622 тонна, картошкаи тухмӣ 41521 тонна, сабзавот 68 тонна ва чигити тухмӣ 13273тонна захира намуда буданд, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 4119, 17130, 16,3, 2697 тонна зиёд мебошад.

Ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии хушсифат КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон”- вазорат харидории тухмиҳои сертификати сифат доштаро аз хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба роҳ монда, ба маблағи 29ҳазор сомонӣ тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзиро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ пешниҳод намуд.

Барои рушди соҳаи тухмипарварӣ корхонаи мазкур КВД “Хоҷагии ёрирасони Канаск”-ро бо тухмии картошка ба миқдори 510 тонна таъмин намуд.

Инчунин соли ҷорӣ бо тавсияи мутахассисони вазорат Ширкати «Олами тиҷорат»-и шаҳри Истаравшан аз Федератсияи Россия ба миқдори 270,0тонна картошкаи тухмии репродуксияи дуюми навъи «Гала»-ро ворид намуда, ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент ва Кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” ба миқдори 20 тонна картошкаи тухмии дараҷаи элитии навъи “Биг-роза” ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ барои кишти соли ҷорӣ тибқи шартномаи тарафайн дастрас намудаанд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби Ширкати “Водии Заррин” барои кишти соли 2018 ба миқдори 222,4 тонна чигити тухмии лучаки навъҳои хитойи “Ханҷиан”, “Хинҷиан” ва навъи туркии “Флеш” ва аз ҷониби Кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” ба миқдори 43,8 тонна навъи “Флеш”, “Харизма”, “ПГ-2018”, “ВА-440” ва “Эдесса ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи А.Ҷумаеви ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд 50,0 тонна чигити тухмии элитии навъи «Инхан-6»-ро аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид намуда, ба хоҷагиҳои пахтакор ба фурӯш баровардааст.

Ҳамчунин дар доираи Лоиҳаи GCP/TAJ/010/AUS оид ба “Беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба тухмии хушсифат дар Тоҷикистон” ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, барои ҳосили соли 2018 зиёда аз 100 тонна гандуми тухмии хушсифати навъҳои “Сарвар”, “Юсуфӣ”, “Муродӣ”, “Дурахшон”, “Айвина”, “Сила” ва “Старшина” ба 623 хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ 15 шаҳру ноҳияҳои пилотӣ (Муъминобод, Ш.Шоҳин, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҳисор, Панҷакент ва Айнӣ) дастрас ва барои кишт пешниҳод гардид.

Ҳамзамон аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО) ба миқдори 3,5 тонна тухмии зироатҳо (ҷав, нахуд, лубиёи сурх, офтобпараст, ҷуворимакка, юнучқа ва ноки заминӣ (топинамбур) ба 15шаҳру ноҳияҳои пилотӣ барои кишт ва зиёд намудани тухмӣ пешниҳод карда шуд, ки аз он зиёда аз 841 хоҷагиҳои хурди деҳқонии ноҳияҳои пилотӣ аз тақсимоти тухмии хушсифати навъҳои гандуми пешниҳодгардида баҳравар шуданд.

Сари вақт ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ

Бо назардошти номусоид омадани обу ҳавои имсола ҷиҳати коҳиш додани таъсири омилҳои тағйирёбии иқлим барои мусбӣ ҷамъбаст намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ташкили Гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби олимон ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа ва сафарбар намудани онҳо ба шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба додани тавсияҳои илман асоснок ба хоҷагиҳои кишоварзӣ барои риояи қоидаҳои агротехникии парвариши зироатҳо ва ба роҳ мондани чорабиниҳои амалӣ, ташкили мизҳои мудаввар ва мусоҳибаҳо тариқи васоити ахбори омма бобати нигоҳ доштани фаровонии бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, мусоидат намуд.

Гуруҳҳои корӣ оид ба муташакилона гузаронидани яхобмонии заминҳои кишт ва боғу токзорҳо ва бо ин васила пешгирӣ намудани бедоршавии бармаҳали боғу токзор, захира намудани намӣ дар қабати ҳосилхезии хок, шаклдарории дарахтон, риояи қоидаҳои агротехникии парвариши зироатҳо ва ба қадри имкон кам кардани таъсири камборишии фаслҳои тирамоҳу зимистон ба соҳаи кишоварзӣ дар майдони 171379 га обёрии захиравии заминҳо дар миқёси ҷумҳурӣ гузарониданд.

Чорабиниҳои зикргардида бо тариқи васоити ахбори омма гузаронидани мусоҳиба, мизҳои мудаввар ва ташкил намудани курсҳои бозомӯзии мутахассисону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо пешниҳоди тавсияҳои муфид дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар 9 моҳи соли 2018 мусоидат намуд.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат барои ҳосили соли ҷорӣ бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва заминҳои корам тибқи маълумоти оморӣ (4- кишоварз) барои ҳосили соли 2018 кишти зироатҳои ғалладонагиро дар майдони 282496 га, зироатҳои техникӣ 209571 га аз он пахта 185817 га, картошка 32226 га, сабзавот 38991га, полизӣ 16604 га ва кишти зироатҳои хӯроки чорворо дар майдони 76359га гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта барои ҷорӣ намудани зироатҳои даромаднокиашон баланд дар истеҳсолот кишти зироатҳои техникӣ 11603 га, картошка 9256 га, сабзавот 7737 га зиёд кишт карда шуд.

Кишти пахта дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 185817 га таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11838 га зиёд мебошад. Кишти пахта дар вилояти Хатлон 122404 га, вилояти Суғд 57194 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6219 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта вилояти Хатлон 2854 га, Суғд 6428 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2556 га зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар майдони 374941 га, зироатҳои техникӣ 214560 га, картошка 50302 га, сабзавот 68298 га, полизӣ 19927 га ва кишти зироатҳои хӯроки чорворо дар майдони 98432 га гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта кишти зироатҳои техникӣ 11193 га, картошка 9687 га ва сабзавот 8760 га зиёд аст.

Кашти такрории зироатҳои кишоварзӣ

Дар давраи ҳисоботи ҷиҳати самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил мувофиқи дурнамо гузаронидани кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 77322 га пешбинӣ гардида, тибқи маълумоти оморӣ ба 01.09.2018, 29948 га ғалладонагиҳо, 3479 га полизӣ ва 35211 га кишти зироатҳои хӯроки чорво ва дар маҷмӯъ дар майдони 80487 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ба 104,0 фоизи дурнамои пешбинигардида баробар буда, нисбат ба соли гузашта 717 га зиёд мебошад.

Инчунин ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои табиӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва КВД «Хоҷагии ёрирасони Канаск» соли равон дар масоҳати 250 га мавзеи Канаск 8 навъи картошкаро кишт намуданд. Новобаста аз ниҳоят камбориши омадани фаслҳои баҳору тобистон ҳосили хуби картошка пухта расид. Айни замон дар мавзеи мазкур ҷамъоварии картошка бо маром идома дорад.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар гармхонаҳои доимамалкунанда хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 65,20 гектар кишти сабзавот гузаронидаанд, ки тибқи маълумоти оморӣ ба 01.09.2018 аз ин ҳисоб 1409 тонна маҳсулоти сабзавотӣ аз ҷумла помидор, бодиринг ва дигар сабзавотҳо истеҳсол намуда, ба бозорҳои истеъмолии кишвар пешкаш намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 73 тонна зиёд мебошад.

Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ

Чораҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1086666 тонна, картошка 693061 тонна, сабзавот 1706578 тонна, полизӣ 528634 тонна, мева 325033тонна, ангур 174985 тонна, гӯшт 135773 тонна, шир 609403 тонна, пашм 6150 тонна, асал 3569 тонна ва тухм 285115 ҳазор дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғайр аз истеҳсоли ғалладонагиҳо, пахта ва полизиҳо, дигар маҳсулотҳо мутаносибан аз 0,2 фоиз то 32,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 752872тонна, картошка 453349 тонна, сабзавот 1028506 тонна, полизӣ 428935тонна, мева 179175, ангур 88257 тонна, гӯшт 10578 тонна, шир 40260 тонна, пашм 1328 тонна, асал 241 тонна ва тухм 175852 ҳазор дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли маҳсулотҳо мутаносибан аз 0,6 фоиз то 58,7 фоиз зиёд гардидааст.

Дар 9 моҳи соли 2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 17755,7 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,0 фоиз зиёд гардида, суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 4,0 ва 3,7фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тибқи маълумоти Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30.09.2018 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ 187175 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз он 83114 тонна сабзавот, 15343 тонна меваҷот, 16088 тонна меваи хушк, 72327 тонна нахи пахта ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамагӣ ба маблағи 146 869 910доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 58126 тонна ва 71410151 доллари ИМА зиёд мебошад.

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ

Ҷиҳати амалигардонии “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” оид ба вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ярмаркаи фурӯши ниҳолҳоро санаи 6-7январи соли 2018 ва ҷашни пуршукӯҳи «Сада»-ро санаи 30 январи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳагу фароғатии Дӯстии халқҳо» бо риояи фарҳанги хоси идона доир намуд. Дар рӯзи баргузории чорабиниҳои мазкур дастовардҳои гуногуни олимону кишоварзон, аз қабили техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо, навъҳои гуногуни тухмиҳо, ниҳолҳои гуногуни ороишиву дарахтони мевадиҳандаи серҳосил пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуда, ба корҳои созандагиву ободкорӣ, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ оғоз бахшида шуда, тавассути васоити ахбори омма ташвиқу тарғиботи он ба роҳ монда шуд.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ин замина гузоштан ба бунёди боғу токзорҳои нав ба ҳисоб рафта дар арафаи фарорасии баҳор дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаҳои доимоамалкунандаи фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳо ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар ин давра кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 2416 гектар боғу токзорҳои нав ва 2 гектар тутзор бунёд намудаанд, ки аз майдони умумии боғу токзорҳои нав 2272 гектар боғ, 142гектарро токзор ташкил медиҳад, ки 2090 гектари он дар таллу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд карда шудааст.

Ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ омили серҳосилӣ

Бо мақсади пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳою касалиҳои боғу токзор дар майдони 83679 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтону токзор (боғ — 65954 га, ток — 17725 га), дар майдони 101671 га буридани навдаҳо (боғ — 78046 га, ток — 23625 га), дар майдони 62759 гектар яхобмонӣ (боғ — 52810 га, ток — 9949 га) ва дар майдони 52531 гектар коркарди кимиёвӣ (боғ — 39641 га, ток — 12890 га) гузаронида шудааст, ки ин усулҳо барои кам кардани як миқдор пайдошавии организмҳои зараррасон мусоидат намуд.

Оид ба сари вақт гузаронидани чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зарарасонҳои боғу токзор дар давраи зимистонгузаронӣ дар ҶДММ «Боғи 15солагии Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон»- и шаҳри Ҳисор доир ба шакл дарории дарахтони мевадиҳанда ва буридани навдаҳои осебдида аз зараррасонхо, коркарди байни қаторҳо, тарзи тайёр кардани маҳлули кории заҳрхимикатҳо бо дорупошакҳои тракторӣ, дастӣ ва пошидани онро бевосита дар дарахтони мевадиҳанда намоиши махсус омода карда шуда, бо воситаи телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш карда шуд.

Паҳншавии зараррасонҳои пахта дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо тағйирёбии ҳарорати ҳавои тобистони имсола нисбат ба соли гузашта хусусан майдони паҳнгаштаи тортанаккана 8348 гектар ва кирми ғӯза 5632 гектар зиёд ба қайд гирифта шуд, ки барои пешгирии саривақтии паҳншавии зараррасонҳои маккандаи пахта, хусусан тортанаккана дар майдони умумии 89703 га коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Ба муқобили зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 77445 га ҳашаротҳои фоидаовар аз он трихограмма дар майдони 35209 га, габробракон — 31706 га ва тиллочашмак дар майдони 10530 га истифода шуда, ба миқдори 21282 адад домҳои ферамонӣ гузошта шуд.

Ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди малах дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар доираи маблағҳои ҷудогардида аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба миқдори 23012 литр заҳрдору, 220 адад дорупошакҳои муҳаррикдори дастии насосдор  қисмҳои эҳтиётӣ ҷиҳати таъмири мошинолотҳо  харидорӣ карда шуда, ба  вилояти Хатлон 10849 литр заҳрдору, 44 адад дорупошаки дастии насосдор, 44 адад дорупошаки муҳаррикдори дастӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои трактори МТЗ-82, 5 адад хайма, 194 ҷуфт либосҳои муҳофизавӣ, 8600 литр сӯзишвории дизелӣ, 7374 литр бензин, ба вилояти Суғд 8810 литр заҳрдору, 32 адад дорупошаки дастии насосдор, 32 адад дорупошаки муҳаррикдори дастӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои трактори МТЗ-82, 3 адад хайма, 145 ҷуфт либосҳои муҳофизавӣ, 10 425 литр сӯзишвории дизелӣ, 5700 литр бензин, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори 2958 литр заҳрдору, 15 адад дорупошаки дастии насосдор, 15 адад дорупошаки муҳаррикдори дастӣ, ба маблағи 21716сомонӣ қисмҳои эҳтиётӣ барои трактори МТЗ-82, 2 адад хайма, 69 ҷуфт либоси муҳофизавӣ, 4197 литр сӯзишвории дизелӣ, 3706 литр бензин ва ба ноҳияи Дарвози ВМКБ ба миқдори 124 литр заҳрдору, 2 адад дорупошаки дастии насосдор, 2 адад дорупошаки муҳаррикдори дастӣ, 2 ҷуфт либоси муҳофизавӣ, 400 литр сӯзишвории дизелӣ ва 400 литр бензин дастрас карда шуд.

Дар мавсими соли 2018 барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ва коркарди кимиёвӣ 51 адад трактор бо дорупошакҳояшон, 15адад автомошинаҳои тамғаи Тайота Hilux бо дорупошаки “Микронейр” васлшуда, 2 адад УАЗ 033 бо дорупошаки “Микронейр” васлшуда, 5 адад нақлиёти обкаш, 37 адад мототсикл, 728 адад дорупошакҳои дастии муҳаррикдор, инчунин 4 адад автомошинаи тамғаи Тайота Hilux ва адад автомошинаи тамғаи Ваз 21214 барои мушоҳида ва назорат ва зиёда аз 1103 нафар қувваи корӣ сафарбар гардиданд.

Тибқи маълумоти фаврӣ дар мавсими пешгирӣ намудан аз малах дар майдони 107 383 га коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 332 580 га зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо, чарогоҳҳо ба маблағи 541 796 000,0 сомонӣ аз зарароварӣ ва нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта шуданд.

Дастовардҳои илму таълими кишоварзӣ

Рушд додани соҳаи кишоварзӣ аз татбиқи дастовардҳои илм бо истеҳсолот алоқамандӣ дошта, дар ин давра аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон корҳои илмию таҳқиқотӣ тибқи 60 мавзӯъ идома дошта, дар 65 қитъаи таҷрибавию намоишӣ омӯзиши усулҳои муосири селексия, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бо касалиҳою зараррасонҳо амалӣ намуданд.

Олимони муассисаҳои илмии Академия дар нуҳ моҳи соли 2018 доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 6 патенту 2 қарори мусбӣ ва 8 шаҳодатномаи муаллифӣ гардиданд. Аз он ҷумла, 1 патент оид ба офаридани органи кории марказӣ барои шинонидани ниҳолҳои мевагӣ ва 4 патент оид ба тарҳрезии маводи табобатию усули пешгирии бемориҳои сироятӣ, 1 патент оид ба офаридани картошкаканаки хурдҳаҷми ККТ-1, 1 қарори мусбӣ оид ба тарҳрезии зарфи ҳаҷмаш тағйирёбанда барои биореактор бо мақсади ғанӣ гардонидани микроорганизмҳои фоидаовари хок ва 1 қарори мусбӣ оид ба тарҳрезии маводи табобатӣ дар соҳаи ветеринарӣ гирифта шуд. Инчунин, 6арзнома барои гирифтани патент ба Маркази миллии патенту иттилоот пешниҳод карда шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.05.2018, №240, 2конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 1 конференсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, ҳамзамон, бо ташаббуси муассисаҳои илмии Академия 26конференсияю семинарҳои минтақавӣ, мизҳои муддавар ва рӯзҳои саҳро гузаронида шуда, олимон дар кори 78 конференсияю семинарҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуданд.

Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда, 2 дурагаи кирмаки абрешим натиҷаи таҳкиқотҳои селексионии олимон дар ҷумҳурӣ минтақабоб гардиданд.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дошта дар 9факултети донишгоҳ 7223 донишҷӯ аз рӯи 46 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 2274 донишҷӯ аз рӯи 18 ихтисос дар шуъбаи ғоибона фаро гирифта шуданд, ки раванди таълим бо воситаҳои ҳозиразамони технологияи информатсионӣ аз қабили: компютер, принтер, телевизори калонҳаҷм, проектор, тахтаи электронӣ ва дигар воситаҳои техникӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар соли ҷорӣ донишгоҳро 827 нафар бакалавр ( аз он ҷумла 74 нафар тибқи квотаи Президентӣ) аз рӯи 38 ихтисос, 294 нафар мутахассис (аз он ҷумла 6 нафар тибқи квотаи Президентӣ) аз рӯи 9 ихтисос, 50 нафар магистр аз рӯи 8 ихтисос ва нафар доктор аз рӯи ихтисоси PhD хатм намуданд, ки аз онҳо 13 нафар соҳиби дипломи аъло гаштанд. Фаъолияти донишгоҳ дар ин давра аз тарафи кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шуда, мусбӣ арзёбӣ гардид.

Тибқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба донишгоҳ 2239 нафар аз он 856нафар ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва 1383 нафар ба гурӯҳҳои шартномавии шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона қабул карда шуданд Инчунин 163 нафар давомдиҳандагони таҳсил пас аз хатми колеҷҳои соҳавӣ ва 153 нафар гирандагони маълумоти дуюми олии касбӣ тариқи суҳбат ба донишгоҳ дохил шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 12 китоби дарсӣ, 70 дастури методӣ, 6монография, 300 мақолаҳои илмию методӣ, 22 скайп-конференсияи байналмилалӣ ташкил карда шуда, олимони он дар 24 конференсияи байналмилалӣ, 12 ҷумҳуриявӣ ва 7 донишгоҳӣ иштирок намуда, 592 нафар устодону омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд. Дар 9 моҳи соли равон дар донишгоҳ 10 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Инчунин устодони донишгоҳ дар Шӯроҳои диссертатсионии хориҷӣ ва дохилиҷумҳуриявӣ 3 рисолаи номзадӣ ва 1рисолаи докторӣ дар самти илмҳои техникӣ ҳимоя намуданд.

Аз оғози соли равон донишгоҳ бо 9 муассисаҳои таълимии хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бастааст. Дар давраи ҳисоботӣ 210 нафар меҳмонон аз хориҷи кишвар ба донишгоҳ ташриф оварда, дар доираи ҳамкориҳо 41 нафар устодон дар 11 мамлакати хориҷӣ дар қитъаҳои Аврупою  Осиё сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ, такмили ихтисос намуданд ва 47 нафар донишҷӯён, магистрон ва аспирантон ба мамлакатҳои хориҷ фиристода шуданд, ки таҳсил дар зинаи магистратура, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва мубодилаи таҳсили яксоларо идома доранд.

Ба мақсади таъмин ва татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи  кишоварзӣ ва бозомӯзии касбии онҳо, тибқи нақшаи кории Маркази такмили ихтисос 5898 нафар мутахассисон, раисони ҷамоатҳо, фермерон ва деҳқонон  ҷалб карда шуданд.

Рушди соҳаи чорводорӣ

Рушди соҳаи чорводорӣ яке аз вазифаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухми паранда дар ҷумҳурӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2313561 сар чорвои калон ва 5692982 сар чорвои хурд, 82202 сар асп ва 6452099 сар паранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумор мутаносибан аз 1,6% то 125,0% афзош ёфтааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ саршумори чорвои калон ба 164427 сар, аз он модагов 46625 сар, гӯсфанду буз 1076133 сар, асп 21072сар, паранда 3012390 сар ва занбури асал 23489 оила расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 саршумори чорвои калон 1 %, гусфанду буз 1,8 %, паранда 69,8 % ва оилаи занбури асал 1,3% зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1.10.2018 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамагӣ 1529175 тонна хуроки дурушт захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149710 тонна зиёд аст.

Чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмини хуроки чорво буда, дар миқёси ҷумҳурӣ ба 1-уми январи соли 2018 майдони умумии чарогоҳҳо 3832083 гектарро ташкил дода, аз он дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 734116 га, вилояти Суғд 784595 га, Хатлон 1227470 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1085902 га мебошанд. Аз миқдори умумии чарогоҳҳо 783684 га чарогоҳҳои зимистона, 2055320 га тобистона, 714623 га баҳорию тирамоҳӣ ва 278458 га-ро чарогоҳҳои доимо истифодашаванда ташкил медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки тайи солҳои охир бинобар сабабҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба паст гардидани ҳосилнокии чарогоҳҳо оварда расонидааст, махсусан чарогоҳҳои ба минтақаҳои аҳолинишин наздик, айни замон дар чунин ҳолат қарор доранд.

Оид ба беҳтар намудани ҳолат ва истифодабарии самараноки чарогоҳҳо, ташкили харитаи умумии чарогоҳҳо вобаста ба пурра роҳандозӣ гардидани иқтидорҳои мавҷуда ва риояи стандартҳои мавҷуда, гузаронидани таҳқиқи геоботаникии чарогоҳҳо ва мониторинги доимӣ дар чарогоҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳо идома дошта, мунтазам чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ” соли ҷорӣ ба чарогоҳҳои тобистона чорвои калони шохдор 96486 сар, гусфанду буз 2205719 сар ва асп 12323 сар ронда шуда, ҷойгир карда шудааст.

Яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани зоти чорво ва дар ин замина баланд бардоштани маҳсулнокии он бордоркунии сунъӣ мебошад. Имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 292 нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор, аз он 77 дар сектори ҷамъиятӣ ва 215 дар сектори хусусӣ фаъолият доранд. Тибқи маълумоти фаврии Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ ба ҳолати 01.10.2018тавассути ин нуқтаҳо 25628 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, аз ҳисоби бордоркунии сунъӣ 19995 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гирифтани насли хушзот 1264 сар зиёд аст.

Соҳаи парандапарварӣ

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба 01.10.2018 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 3012390 сар паранда мавҷуд буда, то ин давра 175852 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори паранда мутаносибан 1238598 сар (69,8%) ва тухм 65063 ҳазор дона (58,7 %) зиёд мебошад. Парандапарварони ҷумҳурӣ ҳамчун афзалиятнок муайян гардидани соҳа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа руҳбаланд гардида, барои рушди соҳаи парандапаварӣ талош варзида истодаанд.

Баъди озод гардидани маводҳои воридотии соҳа аз андозҳо ба ҷумҳурӣ дар ин давра барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ 1182450 дона тухми инкубатсионӣ ва 848,9 сар чуҷаи якрӯза, хӯроки паранда 29301 тонна ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, воридоти тухми инкубатсионӣ 826130 дона, чуҷаи якрӯза 7,1 ҳазор сар ва хӯроки паранда 7339 тонна зиёд ворид карда шуд.

Соҳаи моҳипарварӣ низ сол то сол тараққӣ ёфта истодааст. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 270 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият дошта, аз рӯи маълумотҳои оморӣ то 1 октябри соли 2018 истеҳсоли он ба 738 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 тонна зиёд мебошад.

Соҳаи занбӯрпарварӣ

Соҳаи занбӯрпарварӣ дар шароити кӯҳсори ҷумҳурӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 222386 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3396 оила зиёд гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2018 3569 тонна асали молӣ истеҳсол карда шудааст.

Техникаи кишоварзӣ

Пешбурди соҳаи кишоварзӣ бе таъминоти хоҷагиҳо бо трактор, комбайн ва дигар мошинолотҳо ғайриимкон мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 26982 трактор, аз он 2145 трактори шудгоркунанда, 1034 комбайни ғалладарав, 152комбайни хӯроки чорвоғундор, 2311 тухмипошакҳо, аз он 1866 тухмипошаки пахта, 3255 култиватор, 9355 испори тракторӣ, 9268 ядакҳои тракторӣ ва дигар техникаҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки 78 % техникаҳо омодаи кор мебошанд. Аз миқдори тракторҳои мавҷудбуда 2821 ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ, 5284 ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 18877 ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Тибқи маълумоти фаврӣ дар ин давра ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 1228 техникаву мошинолоти кишоварзӣ ворид гардид, ки аз он 532 трактори гуногунтамға, 10 комбайнҳои ғалладаравӣ, 173 ядаки тракторӣ, 228 испори тракторӣ, 16адад тухмипошаки пахта, 24 картошкашинонак, 26 картошкаканак, 10коҳҷамъкунак, 14 коҳмайдакунак, 52 тойбанд-тагрезчин, 6 пиёзчинак ва дигар мошинолот ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 268 трактор, 119 ядак, 163 испор, 16 тухмипошаки пахта, 13картошкашинонак, 18 картошкаканак, 10 коҳҷамкунак, 14 коҳмайдакунак, 45тойбанду-тагрезчин ва 6 пиёзчинак зиёд мебошад.

Дар 9 моҳи соли 2018 аз ҳисоби КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ба ҷумҳурӣ 205тракторҳои гуногунтамға ва 530 мошинолотҳои кишоварзӣ ворид карда шуд. Дар ин давра аз ҷониби корхонаи мазкур ба 180 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 179 адад тракторҳои гуногунтамға ва 460 мошинолотҳои кишоварзӣ бо тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дастрас карда шуд.

Дар ҷумҳурӣ то имрӯз 81 маркази хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шудааст, ки аз он 56-то аз ҳисоби КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ таъсис дода шудаст, ки барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳои саҳроӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ хизмат расонида истодааст.

Ҳамзамон КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар робита ба супориши Протоколи №1с/28-3 машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2016 ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани кишту кор ва ҷамъоварӣ картошка дар мавзеъи Канаски шаҳри Вахдат техникаҳои кишоварзӣ ва мошинолотҳои зарурии соҳавиро сафарбар намуда, саҳми шоистаи худро гузошта истодааст.

Инчунин ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ КВД Мадад дар 9 моҳи соли 2018 ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ тракторҳои чархдор, ядакҳои тракторӣ, чархҳои тракторӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ  ба ҷумҳурӣ ворид намуд. Бо ширкати “Атешпар”-и Туркия, “ЮТО- Интернатционал”- Ҷумҳурии Мардумии Чин ва заводи тракторсозии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ворид намудани тракторҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ қарордодҳо ба имзо расонид.

Муассисаи давлатии “Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон” дар давраи ҳисоботӣ 11 намуди трактор ва мошинолотҳои кишоварзие, ки дар солҳои 2017 -2018 ба ҷумҳурӣ ворид гардиданд аз рӯи 15 намуди кор озмоишро ба роҳ монда ба итмом расониданд.

Дар 9 моҳи соли равон корҳои озмоишӣ — ташхисӣ дар тракторӣ чорчархаи Белорус-82.1 истеҳсоли ҶСЧШП “Агротехсервис”- шаҳри Ҳисор, сипори дукорпусаи ПЛН-2-35, сипори 3 корпусаи ПЛН-3-35, заминҳамворкунаки ПП-3,0, решаканакӣ К-4, ҷуйборканаки КН-0,35, картошкаканаки КТК-1,4,инчунин култиватори универсалии ғизодиҳандаи IZF-5,4, тухмипошаки 2BMJ-6 фрезаи механикии тракторӣ, чархмолаи универсалии IZL-760-6-и истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, ганбумкубакӣ TYD-1200 истеҳсоли заводи мошинсозии Туркия ва пиёзканаки КЛ-1,4Б истеҳсоли “Лидселмаш”-и Ҷумҳурии Белорус ба роҳ монда шуда, ба қисми зиёди он хулосаи мусбӣ ва қисман таҷҳизотҳо, ки аз озмоиш нагузаштан барои такмил додан хулосаи муассиса пешниҳод гардида, дар ин самт корҳои озмоишӣ идома дорад.

Ярмарка фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ

Бо мақсади танзим ва пешгирии болоравии нарх бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо мақсади дастгирии сокинони шаҳри Душанбе дар ҷашни Рӯзи Модар ва Идҳои байналмилалии Наврӯз, Рамазон, Қурбон, ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1357 тонна маҳсулоти кишоварзӣ нисбатан аз нархи бозор арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Инчунин санаи 4-5 ва 15 сентябри соли ҷорӣ дар КВД “Бозори Меҳргон”-и шаҳри Душанбе Идҳои харбуза ва асал бо хусусиятҳои ба худи ҷашн хос баргузор карда шуд. Дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 25 навъи харбуза ба миқдори 300 тонна ва 30 намуди маҳсулоти занбурпаварӣ зиёда аз 150тонна нисбатан арзон ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешкаш карда шуд.

Ҳамкорӣ бо ВАО

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо воситаи ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, 165 мусоҳиба бо мутахассисони вазорат оид ба омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон, рушди соҳаи чорводорӣ, тарғиби дастовардҳои соҳа дар давоми 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатиро анҷом дода, тавассути воситаҳои ахбори омма омода ва пахш карда шудааст.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ, дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ зиёда аз 167 хабару мақолаҳои гуногун доир ба соҳаи кишоварзӣ нашр гардиданд, ки бештари онҳо тавсияҳои мутахассиону олимон оид ба рушди соҳа буда, танҳо се мақолаи танқиди рӯи чоп омада буд, ки сари вақт ба унвонии онҳо вокунишҳо ирсол карда шуд.

Инчунин, дар ин давра ҷашнҳои миллиамон: Рӯзи артиши миллӣ, Рӯзи модар, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, иди Ғалаба, Рӯзи ҷавонон, Ваҳдати миллӣ, 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забон дар дастгоҳи маркази вазорат бо баргузор намудани ҷамъомадҳои тантанавӣ доир карда шуд.

Муносибатҳои байналмилалӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Созишномаи гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ба имзо расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, вохӯриҳои роҳбарият ва мутахассисони вазорат бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон, Фаронса, Афғонистон, Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Хазинаи байналмилалии руди кишоварзӣ, коршиносони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳайати Бонки Осиёии Рушд, ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, мушовирони байналмилалии Барномаи рушди СММ, Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ташкил карда шуд.

Сармоягузории соҳаи кишоварзӣ

Айни замон дар соҳаи кишоварзӣ 2 лоиҳаи инвеститсионӣ ба воситаи 2Маркази татбиқи амалӣ гардида истодааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи қисмати якуми Лоиҳаи тиҷоратикунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба амалишавии занҷираи арзиши иловашудаи (ЗАИ) шир ва зардолу 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаро гирифта шуда, аз рӯи занҷираи арзиши иловашуда дар маҳсулоти зардолу 48 Гуруҳи фермерон ва инчунин дар занҷираи арзиши иловашуда аз руи шир 103 Гуруҳи фермерон, дар маҷмуъ 151Гурӯҳи фермерон, аз руйи модулҳои омузишӣ барои 3868 – фермерон омузишҳо гузаронида шудааст.

Дар доираи амалишавии занҷираи арзиши иловашудаи аз руи себу нок ва лимӯ дар сатҳи 37 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил карда шуда, занҷираи арзиши иловашудаи себу нок 113 Гуруҳи фермерон ва инчунин дар занҷираи арзиши иловашудаи лимӯ 47 Гуруҳи фермерон, дар маҷмуъ 160Гурӯҳи фермерон, аз руйи  модулҳои омузишӣ, барои 3886 — фермерон гузаронида шуд.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» як  кафдераи “Зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таъмир ва ҷиҳозонидани лаборатория, аудитория, хонаи муаллимон ва роҳрав ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба рушди хушзоткунии чорвои аҳолӣ ва бордоркунии сунъии чорво бо фарогирии 1291 хонавода, ҳар як гурӯҳи манфиатгирандагон бо 15 сар қушқорҳои зотии зотӣ “Ҳисорӣ” ва хӯрокаи консентратӣ барои 9 моҳ таъмин карда шуда, дар маҷмӯъ 300 сар қушқори зоти “Ҳисорӣ” ва 31,5 тонна хӯрокаи консентратӣ ба аҳолӣ дода шуд. Инчунин 15 маҷмӯъ асбобу анҷомҳои бордоркунии сунъии чорво ва 1800 воя нутфаи чорвои зотии хушсифат аз хориҷи ҷумҳурӣ ворид карда шуда, инчунин 37 сар буқаҳои зотӣ, аз ҷумла, 32 сар зоти сиёҳ-ало ва 5 сар зоти швитсу-зебумонанд харидорӣ ва барои баҳрагирандагони ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа дастрас карда шудааст.

Ҷиҳати тақвият бахшидани заминаи истеҳсоли хӯроки чорво дар ноҳияҳои зерҳадаф лоиҳа дар мавсими кишти баҳории соли 2018 ба 1336 хонавода дар маҷмӯъ бо 31 тонна тухмии зироатҳои хӯроки чорво ва 113 тонна нурии минералии карбамид ва 213 тонна суперфосфат таъмин карда шуданд.

Барои беҳтар намудани таъминоти баҳрагирандагон бо техникаҳо ва мошинолотҳои кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 51 адад тракторҳои тамғаи МТЗ, 76 адад ядакҳои тракторӣ, 1 адад комбайни ғалладарав, 95адад сипори шудоркунӣ, 402 адад сихмолаи дандонадор ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ дастрас карда шудааст.

Ҳамзамон дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» -1 дар ноҳияҳои зерҳадаф 1 адад трактори тамғаи МТЗ бо испор, 12 адад мошинолот барои ҷамъоварии хуроки чорво, 12 адад алафдаравакҳои роторӣ, 14 адад мошинолотҳои гуногуни кишоварзӣ ва 300 оилаи занбури асал бо таҷҳизоти зарурӣ ба манфиатгирандагон супорида шудааст.

www.moa.tj