Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОКСММ) ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶСММ) имруз, 16-уми октябр, рӯзи байналмилалии озуқаро зери унвони “Ояндаи мо дар дасти мост-#Барҳамдоданигуруснагӣ дар ҷаҳон то соли 2030 имконпазир аст” ҷашн гирифтанд.
Дар чаҳорчӯбаи чорабинӣ аҳамияти амалҳои ҳар як шахс баҳри барҳам додани гуруснагӣ то соли 2030 тавассути гуфтугӯи озод бо донишҷӯён, саҳначаҳои театрӣ, бозиҳо ва намоиши ҳунар (мастер-класс) дар атрофи мавзӯъи рӯзи байналмилалии озуқа-2018 зикр шуданд. Дар чорабинии мазкур шарикони рушд, сафирон, маблағгузорон намояндагони воситаҳои ахбороти омма ва инчунин мактаббачагон ва донишҷӯён иштирок варзиданд.
Созмонҳои мазкури СММ таъкид намуданд, ки онҳо ва шарикони рушд бояд барои бартараф намудани сабабҳои асосии гуруснагӣ ва камғизоӣ саҳм гузоранд, то ки ғизои солим дар ҳудуди тамоми кишвар дастрас гардад.
“Дар барҳам додани гуруснагӣ ҳар як шахс нақши бебаҳо дорад ва танҳо дар ҳамоҳангсозӣ бо ҳамдигар мамлакатҳо ба ҷаҳони бидуни гуруснагӣ ва камбизоатӣ ноил шудан метавонанд,” қайд намуд Намояндаи СОКСММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев.
“Некӯаҳволӣ ва рушди шароити инсон дар оянда аз амалҳо ва тадбирҳое, ки мо интихоб мекунем вобастагӣ дорад. Дар ҳақиқат, зарурат ба усулҳои комил ва устувор вуҷуд дорад».
Ҳамзамон, ҷорабинӣ аз нашри гузориши нави Амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар ҷаҳон ва моҳияти усули ҳамоҳангшуда ва ҳавасмандкунии бахшҳои мухталиф ва ҷонибҳои манфиатдор барои ҳамкорӣ дар самти коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон хабар дод.
Ин гузориш, ки аз ҷониби панҷ оҷонсии СММ нашр шуд, баландшавии сатҳи гуруснагиро тасдиқ менамояд. Гузориш шумора ва таносуби тақрибии аҳолии гуруснаи ҷаҳонро дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ фаро мегирад. Бино бар ин гузориш, тағйирёбии иқлим, муноқишаҳо ва буҳронҳои иқтисодӣ омилҳои асосии ба миён омадани гуруснагӣ дар ҷаҳон мебошанд. Дар айни замон, 821 миллион нафар дар ҷаҳон гуруснагӣ мекашанд.
“Барҳам додани гуруснагӣ то соли 2030 имконпазир аст, аммо мо бояд кушишу ғайрати худро дучанд созем. Танҳо дар ҳамкорӣ бо Ҳукумат ва шарикони рушд мо метавонем амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолиро ба ғизои босифат таъмин намоем «, изҳор намуд Намояндаи БОҶСММ Марико Кавабата.
www.fao.org