Дар ҳоле ки пешбиниҳо оид ба истеҳсолоти ҷуворимакка, биринҷ ва гандум дар самти афзоиш баррасӣ шуда буданд, хушксолӣ ба истеҳсоли найшакар зарба мезанад

5 октябри соли 2018, Рум Нархҳои маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҷаҳон дар моҳи сентябр дар натиҷаи афзоиши захираҳои маҳсулотҳои озуқавории асосӣ коҳиш ёфтаанд.

Нишондиҳандаи нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ дар ФАО дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи август то 1,4 фоиз коҳиш ёфтааст ва айни ҳол 7,4 фоиз пасттар аз арзиши худ дар моҳи сентябри соли 2017 қарор гирифтааст.

Нишондиҳандаи нархи маҳсулоти ғалладонагӣ дар ФАО бо сабаби баланд шудани нархи ҷуворимакка то 2,8 фоиз коҳиш ёфт, чунки интизориҳои ҳосили фаровон дар Иёлоти Муттаҳидам Амрико ба коҳиши нархи маҳсулотҳои содиротӣ оварда расонданд. Ҳамчунин қимати биринҷ ва гандум дар ҷаҳон дар моҳи гузашта коҳиш ёфт. Асосан сабаби паст шудани қимати гандум нигоҳ доштани ҳаҷми калони фурӯш ва таъминот аз Федератсияи Русия мебошад.

Нишондиҳандаи нархи равғани растании ФАО ҳаштум маротиба коҳишёбии моҳонаро ба қайд гирифта, ба 2,3 фоиз сатҳи минималии сесола баробар шуд. Бештар коҳишёбии ҷиддӣ дар соҳаи равғани нахл ба амал омад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки захираҳои калон дар кишварҳои асосии содироткунанда барои коҳиш додани нархҳо мусоидат намуданд, ки айни замон 25 фоиз пасттар аз сатҳи соли гузаштаро ташкил медиҳанд.

Нишондиҳандаи нархи ФАО барои маҳсулотҳои ширӣ дар моҳи сентябр 2,4 фоиз коҳиш ёфта, тамоюли пастшавӣ давом меёбад. Ҳангоме ки индекси нархҳои ФАО барои гӯшт дар муқоиса бо арзиши баррасишуда дар моҳи август андак паст шудааст.

Нишондиҳандаи нархи шакар дар ФАО дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2017 21 фоиз коҳиш ёфт, вале дар муқоиса бо моҳи август 2,6 фоиз баланд шуд, азбаски хушксолӣ дар давраи муҳими нашъунамо дар Бразил,  бузургтарин истеҳсолкунанда ва содироткунанда дар ҷаҳон, таъсири манфӣ ба ҳосили найшакар расонд. Боришоти мусонӣ дар Ҳиндустон ва Индонезия ба баландшавии нархҳои ҷаҳонӣ барои шакар мусоидат намуданд.

ФАО афзоиши истеҳсоли гандумро дар соли 2018 пешбинӣ мекунад

Дар «Ахбороти нархи пешниҳодшудаи гандум ва талабот ба ғалладонагиҳо», ки имрӯз ба нашр расид ФАО афзоиши истеҳсоли маҳсулотҳои ғалладонагиро дар ҷаҳон барои имсол то 2 591 млн тонн пешбинӣ мекунад, ки ба 2,4 фоиз пасттар аз нишондиҳандаи рекордӣ дар соли 2017 мебошад.

Интизор меравад, ки кам шудани боришот дар Австралия ва Канада ба паст шудани ҳосилнокии гандум, ки зимнан бояд бо баланд шудани ҳосил дар Алҷазоир ва Федератсияи Русия товон карда шавад, бурда мерасонад Интизор меравад, ки истеҳсоли ҷуворимакка дар ИМА дуюм ҷойро аз ҷиҳати ҳаҷми ҳосил дастрас мегардад. Ин афзоиши дар назар дошташуда барзиёд пешбинии коҳишёбиро дар Русия товон мекунад. Мувофиқи пешбиниҳо истеҳсолоти биринҷ дар ҷаҳон ба 1,3 фоиз афзоиш меёбад, ки нишондиҳандаи рекордии соли гузаштаро нишон медиҳад, ки ба васеъкунии заминҳои кишт дар Осиё, махсусан дар Ҳиндустон мусоидат намуд.

ФАО пешбинӣ менамояд, ки истеъмоли ғалладонагиҳо дар ҷаҳон то 2 647 миллион тонн дар мавсими 2018/19 солҳо меафзояд, ки 1,1 офиз зиёдтар аз соли гузашта мебошад. Интизор меравад, ки савдои маҳсулотҳои ғалладонагӣ дар ҷаҳон ба 417 миллион тонн наздик мешавад, ки тақрибан 1 фоиз камтар аз сатҳи рекордии мавсими маркетингии солҳои 2017/18 мебошад. Интизор меравад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ гардиши гандум ва биринҷ коҳиш меёбад, вақте ки гардиши ҷуворимаака баръакс меафзояд.

Мувофиқи пешбиниҳо, захираҳои ҷаҳонии ғалладонагиҳо дар охири мавсимҳои дар солҳои 2019 751,3 млн. Тоннаро ташкил медиҳанд, ки тақрибан 7 фоиз пасттар аз сатҳи рекордии онҳо ҳангоми кушодашавӣ, ҳамзамон кам шудани захираҳои гандум дар Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Русия дар назар дошта шудааст.

www.fao.org