Усулҳои шавқовар барои ворид намудани лубиё, нахуд ва наск ба ратсиони ғизои оилаатон

Лӯбиёдонагиҳо таркибҳои фавқулоддаи универсалӣ барои тайёр намудани хӯрок—ҳамчун хӯроки асосӣ ё ин ки ҳамчун хӯриш (гарнир) ба ҳисоб мераванд. Онҳо иловагии олиҷаноб ҳатто барои ҷасуртарин анвои мазза ба шумор мераванд. Аммо дар мисоли ғизои намуди нав бовар кунонидани хӯрандагони айбҷӯй дар оила барои чашидани лубиё, нахуд ва наски серғизо баъзан вақт метавонад душворӣ эҷод кунад.

Дар ин ҷо як қатор маслиҳату пешниҳодҳои завқовар ва эҷодӣ баҳри ҳавасманд кардани кӯдакони шумо барои истеъмоли зироатҳои лубиёдонагӣ оварда шудаанд.

Аз маҳсулоти шинос оғоз намоед

Ҳумус (пюре), ки аз нут тайёр карда мешавад хеле маъруф мебошад ва кӯдакон онро дӯст медоранд. Вале оё медонистед, ки шумо метавонед ҳумусро қариб ки бо тамоми намудҳои зироатҳои лубиёй тайёр кунед? Бо истифода аз ретсепти (дастур) дӯстдоштаи ҳумуси худ танҳо нутро бо наск е ин ки лубиё иваз кунед. Кӯшиш кунед ба қайлаи худ анвои маззаҳоеро, ки шумо боварӣ доред аллакай кӯдаконатон аз онҳо лаззат мебаранд, ба мисли қаланфури булғории сурх ё помидори хушк, илова намоед.  Ин офаринишҳои нави болаззатро бо чапотии (лаваш) гарм кардашуда ё бо сабзавотҳои буридашуда пешниҳод намоед ё дар болои сэндвич паҳн кунед. Бубинед, ки чӣ қадар мувофиқатҳои шавқоварро шумо метавонед эҷод намоед!

Бургерҳо ва ғеллакабобҳо низ дар байни кӯдакон машҳур мебошанд ва наск, лубиё ё ин ки омезиши ин ду маҳсулот барои тайёр намудани самбӯсаҳои болаззати хонагӣ ва   ғеллакабобҳои бе гӯшт метавонанд гӯштро иваз намоянд. Хусусан агар хӯрандагони айбҷӯй дошта бошед шумо метавонед аз ин бургерҳо оғоз кунед, чунки кӯдакон бештар сараввал хӯрокеро мечашанд, ки барои онҳо ошно менамояд.

Бартараф кардани нармӣ

Бисёре аз кӯдакон таркиби “нарм”-и лубиёро бад мебинанд. Ин мушкилиро бо тайёр намудани хӯрок бо лубиёи хушк  кардашуда ба ҷои лубиёҳои консерв кардашуда бартараф кардан мумкин аст, ки бештар таркиби форамро ба вуҷуд меоранд. Лубиёҳои хушк кардашуда пеш аз тайёр кардани ғизо бояд шабона дар об тар карда шаванд.

Усули амалиро истифода баред

Аз китобхона китобро оиди чӣ гуна парвариш намудани зироатҳои лубиёдонагӣ  ё  ҳатто шинондани навъҳои зироатҳои лубиёдонагӣ дар ҳавлиатон, дастрас намоед, то ки кӯдаконатон оид ба аз куҷо пайдо шудани хӯрокашон бохабар гарданд. Агар шумо шавқи кӯдаконатонро дар раванд бедор намоед, онҳо барои ба даст овардани натиҷа ҷидду ҷаҳд мекунанд.

Ҷалб намудани кӯдакон дар тайёр кардани хӯроке, ки онҳо кӯмак расондаанд ва эҷодкорӣ кардаанд, метавонад онҳоро завқманд гардонад. Фарзандонатонро ҳамроҳи хуб ба бозор гиред ва ба онҳо имконият диҳед, ки маҳсулоти лубиёдонагиро (ва ҳатто мевагӣ ва сабзавотро низ!), ки онҳо истеъмол кардан мехоҳанд, интихоб намоянд.

Ҳамин ки ба хона баргаштед таҷрибаи худро бо кӯдакон дар кӯмак расондан барои тайёр кардани лубиёдонагиҳо бо тар кардани онҳо дар зарфҳои обдор давом диҳед. Аз кӯдаконатон хоҳиш намоед, ки бо гузоштани таймер ё муқаррар намудани вақт барои баргаштан ва санҷидани лубиёдонагиҳо мусъулиятро ба =ҳда гиранд.

Ҳангоми тайёр намудани самбӯса бо лубиёдонагиҳо ба кӯдаконатон имконият диҳед дар омехта кардан ва шаклдиҳии самбӯсаҳо кӯмак расонанд. Ба онҳо барои “пухтани хӯроки шом” барои оила тавассути тайёр намудани буррито ё такои мексикагӣ (нони тунуки лӯла кардашуда бо қимаҳои гуногун) бо истифода аз лубиёдонагиҳо ҳамчун ингредиент шанс диҳед.

Бо ғизои худ бозӣ кунед

Таҳия намудани дизайнҳои (тарҳҳои) гуногун бо истифода аз лубиё, нахуд ва наск дар болои табақча осон мебошад. Лубиёҳои худро ба мисли чеҳраи хандон тарҳрезӣ намоед ё ин ки наскҳои худро ба ситораҳои паррон табдил диҳед — бигзор фарзандонатон табақи лубиёдонагиҳоро худашон тарҳрезӣ намоянд.

Бо шурбоҳо ва қайлаҳои (соус) дӯстдоштаи худ омехта кунед

Наск, лубиё ва нахуди тайёрро осон метавон ба пюре мубаддал карда, ба шурбоҳо, таомҳои дампухт ва ҳатто қайлаҳо омехта намуд. Онҳо на танҳо таомҳоро хушмаззатар мегардонанд, балки боз барои ғафстар шудани шурбоҳо ва таомҳои дампухти шумо кӯмак мерасонад, то ин ки онҳо боз ҳам писандидатар ва аз моддаҳои ғизодиҳанда бой гарданд.

Барои ширинӣ ҷой гузоред

Аксарияти шириниҳо лубиёҳоро дар бар мегиранд, чунки онҳо тамъи дилчасп доранд ва метавонанд ба анвои шириниҳо шира ва намӣ илова намоянд. Дар ошхонаи шарқӣ-осиёй хамираи ширини лубиёй дар шириниҳои ба монанди кулчақанди маҳтобӣ ва булочкаҳои дампухт истифода бурда мешаванд. Шумо метавонед бо осонӣ лубиёҳоро ба шириниҳои худ бо тайёр намудани хамираи ширини лубиёй аз пюреи лубиёи сурх ва найшакар илова намоед.

Лӯбиёҳои сиёҳи пухташударо низ метавонед бо тухмҳо дар бисёр ресептҳои торти шоколадӣ ва браунӣ иваз намоед — ва кӯдакони шумо ҳеч вақт фарқиятро ҳис намекунанд!

Лӯбиёдонагиҳо нишондиҳандаи пасти гликемикӣ доранд, чарбуи кам ва манбаи хуби оҳан ва дигар витаминҳо ва моддаҳои минералӣ ба шумор мераванд. Роҳҳои гуногун барои ҳамроҳ намудани лубиёдонагиҳо онҳоро иловагии беҳтарин ва осон ба ғизои оилаи шумо  мегардонад.

Одатан лӯбиёдонагиҳо дар муқоиса бо дигар ғалладонагиҳо ду баробар зиёдтар сафеда доранд, ки ин зироатҳои лубиёдонагиро маҳсулоти озуқавории муҳим дар саросари ҷаҳон мегардонад – махсусан дар минтақаҳое, ки камғизогӣ мушкилии ҷиддӣ ба шумор меравад. Ҳамчун ғизои дастрас ва бой аз микроэлементҳо, зироатҳои лубиёдонагӣ воситаи муҳим барои расидан ба #ГуруснагииСифр мебошанд.

www.fao.org