Курсҳои такмили ихтисос ба мониторинги беҳтари малах, таҳлили маълумотҳо ва пешгӯй мусоидат менамоянд
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва ҳуҷуми малахҳо метавонад ба иқтисодиёти ин кишварҳо зарари ҷиддӣ расонад.
Бо вуҷуди ин, технологияе, ки аз ҷониби ФАО таҳия карда шудааст ба мутахассисони соҳаи мубориза бар зидди малах барои бо тариқи онлайн баррасӣ намудани маълумотҳои марбут ба малах, ки дар саҳро чамъоварӣ карда мешаванд, имконият медиҳад. Ин маълумотҳоро барои пешгӯй намудан ва кӯмак расонидан дар рафти қабул намудани қарор бо мақсади маҳдуд кардани зиёни малахҳо ба маҳсулотҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо метавон истифода бурд.
Курси такмили ихтисос оид ба истифодабарии технологияи мазкур — Системаи Автоматӣ барои Ҷамъоварии Маълумот (ASDC) ва Системаи танзимшудаи Иттилоотии Ҷуғрофӣ (GIS) аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ташкил карда шудаст.
Ин чорабинӣ як қисми барномаи беҳтар намудани муборизаи миллӣ ва минтақавӣ бар зидди малах дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, лоиҳа аз ҷониби ҳукумати Ҷопон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) маблағгузорӣ карда шуда, се кишварро, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро фаро мегирад. Ҳадафи ниҳоии беҳтар намудани мубориза бар зидди малах ҳифзи маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҷарогоҳҳо ва бо ҳамин кӯмак расондан ба фермерон мебошад.
Курси мазкур аз санаи 24 то 29 сентябр дар шаҳри Душанбе мегузарад. Дар маҷмӯъ 21 нафар иштирокчиён, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда ва мутахассисон аз корхонаи воҳиди давлатии “Мубориза бар зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифозати наботот ва қарантинаи Вазорати зироат, объёрӣ ва молдории Афғонистон дар омӯзиши мазкур ширкат меварзанд.
Истифодабарандагони ин система метавонанд на танҳо бо вазъи малах дар кишварҳои худ, балки аз кишварҳои якдигар низ, аз ҷумла аз минтақаҳои сарҳадӣ огоҳ бошанд. Фаъолияти мазкур бо дарназардошти он ки малахҳо мушкилоти байнимарзӣ мебошанд ва элементи муҳими пешгирӣ кардан мубодилаи саривақтии маълумот мебошад, хеле муҳим мебошад.
Дар рафти курси такмили ихтисос мутахассисони соҳаи мубориза бар зидди малах ва коршиносони Системаи Иттилоотии Ҷуғрофӣ аз Афғонистон ва Тоҷикистон аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба истифодабарии Системаи Автоматӣ барои Ҷамъоварии Маълумот баҳра мегиранд. Онҳо чӣ гуна таҳлил намудани вазъ ва пешгӯй кардани авҷгирии малахро меомузанд ва ҳамчунин харитаҳоро барои инъикоси ҷойгиршавии воқей ва ҳуҷуми малахҳо месозанд. Инчунин чорабинӣ баҳри мустаҳкам намудани ҳамкории техникӣ байни мутахассисони ду кишвар замина таъмин месозад.
“ФАО системаҳои мониторинги малахро, ки барои пешгирӣ намудани зарари ҷиддӣ бинобар сабаби ҳуҷуми малахҳо кӯмак мерасоннад, дастгирӣ мекунад ва барои коҳиш додани таъсири пестисидҳои кимиёвӣ имкон медиҳад,” гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. “Ин чораҳо таъсири манфии амалиётҳои муқаррарии зидди малахро ба саломатии инсон ва мӯҳити зист камтар мегардонанд..”
Танзим намудани ҷамъоварии маълумоти саҳрой ва интиқоли он дар вақти воқей метавонад кӯмаки бузург дар пешгӯй намудани нуқтаҳои пурҷушу хуруши малахҳо гардад, илова намуд Гучгелдиев. Бо чунин системаҳо, ӯ гуфт, ФАО заминаи беназиреро барои кишварҳо баҳри ҳамкорӣ ва мубодила байни якдигар таъмин мекунад.
“Чунин системаҳо қадаме ба пеш дар ҷамъоварӣ намудани иттилооти оперативӣ ва таҳлили беҳтари вазъи малах мебошанд,” гуфт Энни Монард, роҳбари гурӯҳи Раёсати ФАО оид ба малахҳо ва ҳашароти фаромарзии наботот ва бемориҳо. “Онҳо имкон медиҳанд, ки чораҳои зарурӣ саривақт андешида шаванд.”
Курсҳои такмили ихтисоси ба ҳамин монанд, давом дод ӯ, ба иштирокчиён барои беҳтар намудани ҳунару малакаи тахассусиашон кӯмак мерасонанд ва ба онҳо донишҳоеро дастрас мегардонанд, ки онҳо метавонанд дар фаъолияти ҳаррӯзаашон истифода баранд ва бо ҳамкасбонашон мубодила намоянд.
Лоиҳаи сесола, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ сармоягузорӣ шудааст, моҳи декабри соли 2015 оғоз гардида буд. Ин як қисми “Барномаи беҳтар намудани муборизаи миллӣ ва минтақавӣ бар зидди малах дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” аз ҷониби ФАО дар соли 2011 ба манфиати даҳ кишвар: Афғонистон, Армения, Озорбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Узбекистон шуруъ шуда буд.
Ҳадафи асосии барнома кӯмак расонидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва сатҳи беҳтари зиндагии аҳолии деҳот дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо роҳи пешгирӣ кардан ва маҳдуд гардондани хавфи малахҳо, зарар ба маҳсулотҳои кишоварзӣ ва киштзорҳо мебошад. Натиҷаи пешбинишуда дар муборизаи миллӣ ва минтақавӣ бар зидди малах мустаҳкам шудани иқтидори миллӣ ва ҳамкории минтақавиро дар назар дорад.
ИСТИНОДҲО:
Ба фермерони Тоҷикистон навъҳои нави гандум дастрас мегардад
www.fao.org/europe/news/detail-news/en/c/885977/
ФАО методологияи навро барои таҳқиқоти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунад
www.fao.org/europe/news/detail-news/en/c/470154/
Занҷираҳои истеҳсолӣ ва фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ самараноктар ва даромадноктар мегарданд
www.fao.org/europe/news/detail-news/en/c/450509/
Дар Тоҷикистон лоиҳаи модернизатзиякунии системаи ирригатсионӣ оғоз шуд