Ҳукумати вилояти Рязани Русия барои қабули донишҷӯён ва маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда, ният дорад ба ин кишвар омӯзгорон фиристад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон дидори серӯза бо намояндагони ҳукумат ва бахши тиҷоратии вилояти Рязани Русия дар ҳоли анҷомёбист.
Пойгоҳи хабарии Созмони Ҳамкории Шанхай аз қавли Виталий Артёмов, муовини раиси ҳукумати вилояти Рязани Русия иттилоъ додааст, ки масоили асосии мулоқот бо ҷониби Тоҷикистон ин ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, техника ва маориф мебошанд.
“Мо тасмим гирифтем, ки аз Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзие, ки дар Рязан нест таҳвил бидиҳем. Инчунин мо мехоҳем ба Тоҷикистон нуриҳои минералӣ содир кунем. Ин аввалин сафари намояндагони мо ба Тоҷикистон мебошад ва умедворем охирин нест”, — изҳор доштааст Артёмов.
Дар доираи ин мулоқотҳо соҳибкорони Рязан маҳсулоти ширӣ, таҷҳизоти электрикӣ ва техникаҳои тиббии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф созиш шудааст, ки Рязан ба Тоҷикистон омӯзгорони фанни риёзиёт, забони русӣ, кимиё ва биология равон мекунад.
Дар назар аст, ки миёни Коллеҷи техникии Рязан ва коллеҷи техникии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расад.
Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180719/1026183200.html