Аз корхонае, ки наздики 16 млн. сомонӣ қарздор аст, ҳукуматдорон қариб 5 млн. сомонӣ ба даст оварданианд.
Ҳукумати Тоҷикистон хусусигардонии ширкати «Пиллаи тоҷик»-ро маъқул шуморид, ки тӯли се соли охир натиҷаҳои фаъолиятро бо зиён ҷамъбаст мекунад.
Лоиҳаи махсуси хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ҶДММ «Пиллаи тоҷик» бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Хусусигардонии корхона тавассути баргузор намудани тендери байнулмилалӣ сурат мегирад, ки барои иштирок дар он 200 ҳазор доллар маблағ гузаронидан зарур аст.
Нархи аввалияи беш аз 42,5 ҳазор саҳмияи ҷамъият, ки мутобиқи лоиҳа хусусӣ гардонида мешавад, 4,911,000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҷамъият моҳи декбари соли 2013 дар натиҷаи азнавташкилдиҳии КВД «Пилла»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ бо сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 4,254,000 сомонӣ ташкил шуд. Муассиси он Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 39 корхонаҳи саҳҳомии фаръии ширкат амал мекунанд.
Ҳаҷми дороиҳои ширкат 8,636,176 сомонӣ ва қарзи ҷамъият 15,748,760 сомониро ташкил медиҳанд. Сатҳи фарсудашавии воситаҳои асосии корхона ба 68 фоиз баробар аст.
Амволи ширкат аз бинои маъмурӣ ва иншооти ёрирасон, анборҳо ва амволи корхонаҳои фаръӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иборат буда, шумори умумии кормандони корхона 395 нафар ва шумори коргарони муваққатӣ (мавсимӣ) 572 нафарро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.