Равшан Соибназаров сокини ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд: дар супермаркети “Пайкар” –и пойтахти кишварамон як растании бароям ношинос дидам. Фурӯшанда гуфт, ки бамия аст. Ман соҳибкор мебошам, ҳамин гуна растаниро дар мағозаҳои Қазоқистон дида будам. Оё онро дар кишвари мо парвариш кардан мумкин аст? Тарзи истеъмолаш ҳам чӣ гуна аст? Чӣ хел фоидаҳо дорад? Хоҳиш мекунам ба саволҳоям равшанӣ андозед.

***  ***  ***

Бибиой Давлатова сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон: Дар маҳаллаи мо як намуд растании навро ташкилотҳои хориҷӣ тавсия медиҳанду баъзе ҳамсояҳои мо деҳқонзанҳо онро дар ҳавлии худ коштаанд. Гӯё ба занҷабил монанд аст, аммо тунд нест, сабзу дарозтар, номаш ҳам хотирмон нест. Растании камёбу нав. Аз чӣ бошад, ки ман андак нобоварӣ дорам нисбати ин растанӣ. Хуб мешуд агар ба мо бо забони оддӣ маълумоти пурра оиди ҳамин расатнӣ медодетон. Қаблан ташаккур!

Бамия

Абельмош-Abelmoschus esculentus L.

bamiya2

Ин растании БАМИЯ мебошад, ки аҳамияти хӯрока дошта, инчунин бо номи окра, гомбо ва албемош машҳур мебошад.

Хусусиятҳои табиӣ

Бамия гиёҳи яксола аз оилаи малвагулон (гули хайрӣ) буда, хешованди пахта мебошад. Аз ин сабаб аз ҷиҳати морфологию хусусиятҳои биологӣ ба растании пахта хеле монандӣ дорад. Давраи нашваш хело дурудароз аст, то 180 рӯз давом меёбад. Баландии ин растанӣ вобаста аз навъ, иқлиму хоки муҳит ва агротехникаи парвариш аз 30-40см то 2-2,5м мешавад. Танаву пояи он нисбатан ғафс буда, қисми поёнии он чӯбакӣ мегардад. Рӯи пӯстлохаш пашмин аст. Баргҳояш калони панҷашакли пашмин. Рангаш сабзи равшан ва ё сабзи баланд, думчалаҳояш дароз.

Гулхояш ба гули пахта хело монандӣ дорад. Меваи бамия – гӯза мебошад, ки 4-8 қира шуданаш мумкин. Дар ҳар хонааш тухмҳои айнан ба мош монанд ҷойгиранд. Дарозии ғӯзаҳо вобаста ба навъҳо аз 5-6 то 20-25см мешаванд. Барои истеъмол намудан меваҳои ҷавони 3-5 рӯзаи сабзи пухтанорасидаи онро истифода мебаранд. Меваҳои пухтарасидаи он, ки ҷигарранг шудааст, мазза надорад ва барои хӯрдан ба кор намеояд. Аз ин сабаб меваҳои ба амал омадаи онро ҳар 3-4 рӯз ҷамъоварӣ кардан зарур аст. Ғӯзаи онро дар холати тару-тозагиаш ба салатҳо ҳамроҳ менамоянд, бирён мекунанд, шӯрбоҳои гуногун мепазанд. Таъму маззаи бамия ба боимҷон монанд аст. Бинобар он аз ғӯзаҳои нимхоми он консерваҳо тайёр менамоянд. Бамияро бо помидор, сирпиёз, занҷабили сурхи булғорӣ ва занҷабили тез, пиёз ва боимҷон пухта, консерваҳо тайёр менамоянд. Инчунин аз тухмиҳои пухтарасидаи он нӯшокии таъмаш ба каҳва монанд дошта тайёр менамоянд.

***  ***  ***

Ватани бамия Африқои Ғарбӣ ва ё Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Дар ин мамлакатҳо навъҳои гуногун ва намудҳои худрӯи он васеъ паҳн гардидааст. Имрӯз бамияро дар бисёрии мамолики Аврупои Ҷанубӣ, Амрико ва Осиё мепарваранд. Дар Судон шаш ҳазор сол пеш бамияро мепарвариданд. Меваю баргҳои онро ҳамчун хӯроки ғизоноку фоидаовар истеъмол мекарданд. Аз нахи танаву навдаҳояш арғамчин мебофтанд, линчаву ҷуволҳо ва қанор барои нигоҳжории ғалладонагиҳо тайёр мекарданд. Дар қисми Шарқии Арабистон аз дони бирён кардаи он нӯшокие тайёр менамуданд, ки қаҳваро иваз мекард. Баъзан кӯфтаи дони онро ба қаҳва ҳамроҳ менамуданд, ки маззаи онро беҳтар ва хушбӯй намояд.

bamiya3

 Хусусиятҳои тиббӣ

Дар таркиби меваи бамия кислотаи фолат ба миқдори зиёд вуҷуд дорад. Бинобар он онро ба занҳои ҳомиладор тавсия медиҳанд. Моддаҳои дар таркиби бамия буда барои ташаккулёбии асабҳои ҷанин зарур мебошад.

Инчунин дар таркиби ин сабзавот луоби растанӣ – ғози парҳезӣ мавҷуд аст, ки миқдори қандро дар таркиби хун идора менамояд. Аз ин сабаб истеъмоли он ба касалиҳои гирифтори диабети қанд тавсия дода мешавад.

Бамия қобилияти аз организм дур намудани холестерини зиёдатӣ, талха ва заҳрҳоро дорад. Мунтазам истеъмол намудани он ба касалиҳои рӯдаю меъда, алалхусус ба захми меъда шифо мебахшад. Дар рӯдаи борик миқдори бактерияҳои фоиданокро меафзояд. Меваҳояш дорои моддаҳое мебошад, ки деворҳои найчаҳои хунгардро мустаҳкам менамояд. Бинобар он барои касалиҳои атеросклероз истеъмол намудани он фоидабахш ба ҳисоб меравад.

Аз моддаҳои фоидаовар бой будани таркиби бамия ба соҳаи косметология имконият медиҳад, ки онро васеъ итифода баранд. Масалан, меваҳои дар об ҷӯшонидашудаи онро ба сар молида, мисли ҳинаю ӯсма (басма) истифода бурдан мумкин. Мӯи сарро боқувват ва ҷилоҳӣ менамояд. Инчунин онро занҳо ҳамчун ниқоб (маска) ба рӯй бимоланд, пусти рӯйро аз доғу захмҳо тоза мекунад. Дар таркиби тухми он то 20% равған мавҷуд аст, ки сифатан ба равғани зайтун монандӣ дорад.

Меваи бамия дар таркибаш минералҳои цинк, селен, мис, марганетс, оҳан, фосфор, натрий, калсий ва ҷавҳарҳои органикӣ дорад. Аз витаминҳои С,Е,А,К, инчунин гурӯҳи витаминҳои В (В1, В2, В3, В6) бой мебошад. Тухмиаш мисли лӯбиё ва соя сафедаи бисёр дорад ва аз ин ҷиҳат бо қувваи гӯшт баробар аст.

Меваи бамия қобилияти мулоим ва иҳотакунандаи узвҳои даруниро дорад. Ҳолати кори гурдаро беҳтар менамояд. Варамҳои пойро сиҳат мекунад. Бинобар он обҷӯши онро барои беморони рагу пай, гулӯ, қафаси сина, шуш ва гурда тавсия медиҳанд. Барои ин обҷӯши меваи онро то ба отола монанд шудан мепазанд. Бо доруи тайёр шуда гулуро мечайқонанд, ки ба касалии ангина шифо мебахшад. Агар камтар бо шакар ширин карда истеъмол намоянд барои касалиҳои фарингит, сурфа, бронхит ва трахеит кӯмак мекунад. Обҷӯше, ки аз решаи майда кардашудаи бамия тайёр шудааст бо шакар ва ё асал истеъмол кунанд, ба касалии сурфа, овози хира ва газакҳои роҳи нафас мадад мекунад.

Истеъмоли меваи бамия дар хӯрок барои беморони камқувват ва ҷарроҳишуда тавсия дода мешавад. Инчунин истеъмоли бамия ба мардони сустшуда низ фоида дорад, фаъолияти бохро барқарор мекунад.

Исбот карда шудааст, ки бамия ба касалиҳои чашм шифо мебахшад ва хавфи ба амал омадани катарактаро пешгирӣ мекунад.

Хусусиятҳои биологӣ

Навъҳои бамия аз ҳам аз ҷиҳати ҳаҷми растанӣ ва дарозию ғафсии мевааш фарқ мекунад.

Тахминан пас аз 2-моҳи саросар сабзида баромадани тухмӣ, ба гулбандӣ шурӯъ менамоянд. Баъд аз 4-5 рӯзи хазон шудани гулҳо ғӯраҳо ба амал меоянд. Ғӯраҳоро ҳатман барои тайёр намудани хӯрока ҷамъоварӣ кард. Чунки меваҳои аз 10 см калонтар сахт ва дағал гардида, барои истеъмол ношоям мешаванд. Ҳосилро дар ҳолати хом будан ҳар 3-4 рӯз мунтазам ҷамъоварӣ карда истодан зарур аст, то ки ранги сабзи онҳо ҷигарӣ нагардад. Ҳосилбандии бамия то хунукиҳои аввалини тирамоҳ давом меёбад.

***  ***  ***

Бамия ба равшанию гармӣ талаботи калон дорад, аз ин сабаб барои кишт бояд замини кушоди бо шӯълаи офтоб нағз таъминбударо интихоб кунед.

Чиҳатҳои биологии бамия монанди пахта, яъне онҳо аз як оила мебошанд. Аз ин сабаб тарзи нигоҳубин ва агротехникаи он айнан мисоли нигоҳубини пахта мебошад.

Муаллифи мақолаи мазкур бамияро дар ноҳияҳои вилояти Суғд санҷида, ба хулоса омадааст, ки барои кишт ва гирифтани ҳосили хуб заминҳои ноҳияи Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Ашт, Спитамен, Деваштич, Зафаробод, Бӯстон ва Истаравшан мувофиқ мебошад. Зеро ин минақаҳо дар баландиҳои 350м – 1500м нисбат ба сатҳи баҳр ҷойгиранд.

Кишти бамияро баробари кишти пахта оғоз мекунанд. Тухми онро як шабонарӯз пеш аз кишт бояд бо об тар кунед. Нақшаи кишти навъҳои қадпасти он 60х30см ва навъҳои калонҳаҷмаш 90х50см мебошад.

Бамия растании гармидӯст буда, тухмии он дар ҳарорати +150С гарм будани қабати замин ба сабзиш шурӯъ менамояд. Гармии ҳавои 25-300С барои парвариши бамия беҳтарин ба ҳисоб меравад. Дар мавриди гулшукуфию ҳосилбандӣ ба намӣ талаботи калон дорад. Бояд саривақт бо оби полезӣ таъмин карда шавад. Растаниҳои танаи боқувват доштаи он ба хунукиҳои то -20С тоб оварда метавонад.

Бо мақсади сершох ва навдаҳои паҳлӯгии меваовар ба амал овардан нӯги растании бамияро баробари 40см қад кашидан, монанди ниҳоли пахта чеканка кардан лозим аст.

Бамия растании ба хушкӣ тобовар бошад ҳам, ба ин нигоҳ накарда ҳангоми тобистони гарм ва давраи гулшукуфӣ ва ҳосилбандии он бояд бо об нағз таъмин карда шавад. Замини кишти бамияро доим аз алафхои бегона тоза карда, нарм ва нам нигоҳ доштан натиҷаи хуб мебахшад.

Ҳосилнокии бамия аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 2-3 тонна меваи тару тоза мебошад. Меваи якчанд рӯз пеш ҷамъоварикардашуда ва ё дар яхдон нигоҳ дошташуда барои консерва тайёр намудан натичаи хуб намедиҳад.

Меваи бамия маҳсулоти тез вайроншаванда ба ҳисоб меравад. Онро аз 3-рӯз зиёд нигоҳ доштан лозим нест. Агар хоҳед, ки дар муддати кӯтох дар яхдон нигоҳ доред, пеш аз он онҳоро бо қоғаз печонед ва ё дар халтаҳои қоғазӣ ҷойгир намоед.

bamiya4

Бамия дар дастурхони Шумо

Якчанд усулҳои консервакунии бамия маълуманд: онро алоҳида пухта ва ё парварда карда ба банкаҳо маҳкам менамоянд. Инчунин бо якҷоягии сабзавотҳои дигар, масалан бо қаламфури булғорӣ ё помидору боимҷон пухта, барои зимистон захира менамоянд. Баргҳои ҷавони бамияро ба салатҳо ҳамроҳ менамоянд, бирён менамоянд, инчунин ба шӯрбоҳои тайёр ҳамроҳ мекунанд.

Агар меваи бамияро кӯндаланг ба қисмҳо 1-2см буррем, аҷоиб ситорачаҳои хушрӯй мешаванд. Консерваи тайёр намуда дар адстурхони Шумо зеботар метобанд. Агар хоҳем, ки меваи онро яклухт пухта консерва тайёр кунем, бояд нӯги онҳоро пешаки камтар буррем.

Бамияро монанди боимҷон бирён намоем бомазза мешавад.

Акбар Мухамедов

Номзади илмҳои биологӣ

Агроном мушовир