Дар намоишгоҳ замбӯрпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба маъраз гузоштанд.
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Имрӯз, 26 июн кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар Иди нон, асал ва зардолу ширкат кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон. Раисҷумҳур бо катбонуҳо, мардони ҳунарманд ва деҳқонони асил мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин ҷо аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, асосан маҳсулоти нонӣ, асал ва 35 навъи зардолу ба намоиш гузошта шуд. Дар намоишгоҳ замбӯрпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба маъраз гузоштанд.
«Зимни суҳбат бо замбӯрпарварони вилоят Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд», — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар Иди зардолу бошад, шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ» навъҳои маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллиро ба намоиш гузоштанд.
Соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1 ҳазору 40 ва имсол бошад, 737 гектар боғи нав бунёд карда шуд, ки дар онҳо асосан ниҳоли дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда шинонида шудаанд.
Дар маҷмуъ имрӯз дар миқиёси вилоят 54 ҳазору 591 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он 36 ҳазору 205 гектараш боғи ҳосилдеҳ мебошад.
Имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 46 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ҳосилаш ҳам ба шакли тар ва ҳам ба тарзи банду басти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Беларус, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Халқии Хитой, давлатҳои арабии Шарқи наздик ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад.
Соли гузашта аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар наздики 35 ҳазор тонна меваҷот, аз ҷумла 4 ҳазору 800 тонна меваи тар содирот шудааст. Дар панҷ моҳи соли равон бошад, ҳаҷми содироти мева ба зиёда 12 ҳазор тонна расидааст, ки аз ин нишондод 1 ҳазору 600 тоннааш зардолу мебошад.
Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180626/1025935438.html