Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ бо иштироки мақомоти Тоҷикистон ва садҳо намояндагони баландпояи хориҷӣ ба кори худ шурӯъ кард

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон “Кохи Сомон” конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, — 2018-2028” ба кори худ шурӯъ кард.

Дар конфроси байналмилалии мазкур раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалӣ ба шаҳри Душанбе намояндагон ва роҳбарони баъзе кишварҳо аз ҷумла, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин муовини дабири кулли СММ Луи Женмин, котиби генералии созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан, роҳбари минтақавии маркази дипломатияи СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман, инчунин намояндагони баландпояи 110 кишвари ҷаҳон ва сохторҳои гуногуни СММ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣву минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ташриф овардаанд.

Ҳамоиши байналмилалии мазкур бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии СММ гузаронида мешавад.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180620/1025890882.html