Дар мавзеи Булункӯли ноҳияи Мурғоб озмоиши нодири парвариши зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар майдони беш аз 15 гектар картошка ва растаниҳои хӯрока шинониданд.

Деҳаи Булункӯл дар баландии 3 750 метр дар саҳи баҳр ҷойгир шуда, сардтарин мавзеъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (то 63 дараҷа хунук) мебошад. Айни замон дар ин ҷо 62 оила иқомат доранд, ки ба чорводорӣ машғуланд.

Ба гуфтаи корманди калони илмии Пажуҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Партоев, дар Булункӯл истифодаи беш аз 500 гектар замини кишвоарзӣ имконпазир аст.

Бо қарори раҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон, аз 24 то 31 май як гурӯҳи олимон дар ин ҷо бо ёрии сокинони маҳаллӣ дар майдони 0,5 гектар карошка шинонида, дар 15 гектар растаниҳои хӯроки чорво, аз қабили ҷав, алафи юнучқа ва ғайра кишт карданд.

«Ҳадафи аслии ин озмоиши илмӣ-истеҳсолӣ муайян кардани имкони парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар шароити баландкӯҳ аст. Дар замони таҳдиди тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқавории саросари дунё, ин масъала имрӯз хеле муҳим аст», – иброз дошт Партоев.

Олимон интизорӣ доранд, ки дар сурати роҳандозии дурусти тадбирҳои агротехникӣ, дар Булункӯл метавон ҳосили хуби зироатҳои зикршударо ба даст овард.

Read more: http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20180604/nashunamoi-kartoshkaro-dar-bulunkli-balandk-meozmoyand