Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва паҳни технологияҳои тобоваранда ба тағйирёбии иқлим, лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, семинару омӯзишҳои техникӣ оид ба ҷорӣ кардани системаи обёрии қатравӣ (СОҚ) гузаронида истодааст. Дар яке аз чунин семинарҳо, ки дар шаҳри Гулистони (собиқ Қайроққум) вилояти Суғд ва Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон барпо шуд, намояндагони бонкҳои Эсхата, Ҳумо, Имон, таъминкунандагони СОҚ, ширкатҳои Реал (истеҳсолкунандагони қубурҳои пластикӣ), Ваҳдат Пласт, Вилои Олмон (пойгоҳҳои  обкашӣ) ва тақрибан 100 нафар  намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳузур доштанд. Мавриди зикр аст, ки фаъолияти Лоиҳаи КЛИМАДАПТ аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) маблағгузорӣ шуда, барои ҷорӣ кардани истифодаи самараноки об, қувваи корӣ ва барқӣ, инчунин паст кардани бодлеси (эрозия) хок 10 млн. доллари амрикоӣ масраф хоҳад шуд.

Имрӯз кишоварзони тоҷик дар хоҷагиҳои худ аз намудҳои гуногуни обёрӣ истифода мекунанд. Обёрии ҷӯякӣ, обёрии боронӣ, обёрии таги хокӣ ва обёрии қатрагӣ аз қабили онҳост. “Таҳқиқотҳо ва таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки насби СОҚ зимни обёрӣ барои деҳқон манфиатҳои зиёд меорад. Шумо метавонед на танҳо об, инчунин нуриҳои минералиро низ сарфа карда, онро то ба решаи ниҳолҳо равона кунед. Илова бар ин, замин аз шусташавӣ ва эрозия нигоҳ дошта шуда, кори дастии деҳқонон ба маротиб сабук мегардад ва бо ин ҳама ба ҳосилнокии зиёд ноил мешаванд” – мегӯяд яке аз намояндагони ташкилот.

Бо истифода аз СОҚ дар минтақаҳои ноҳамвор ва нишебиҳо низ шинонидани ниҳолҳо имконпазир гашта, обёрии дурусти онҳо ба роҳ монда мешавад. Дар усули анъанавии обёрӣ бошад, ниҳолҳо танҳо дар мавзеъҳои ҳамвор бо об таъмин шуда метавонанду халос.

Тӯйчибой Қодиров роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ниёзбек” дар ноҳияи Истаравшан  барои таъмини  12 га заминаш аз  оби полезӣ танқисӣ мекашид. “Ноҳияи Истаравшан бо оби полезӣ 36% таъмин карда шудааст. Агар ҳамаи сокинон   СОҚ-ро насб намоянд, то 80-90% бо об таъмин мегарданд” — мегӯяд заминдор. Тӯйчибой дар оянда   ният дорад бо дастгирии  лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар заминҳои худ СОҚ –ро насб намояд.

Системаи Обёрии Қатравӣ имконият медиҳад, ки миқдор ва фосилаи обёрӣ ба таври саҳеҳ ва осон ба танзим дароварда шавад. Ғайр аз ин,  ташаккулёбии зироат таҳти назорат гирифта шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ, дар ҳамаи давраҳои нашъунамо авҷи қадкашӣ ва ҳосилбандии ниҳолҳо суст ё тезонида мешавад. Ҳамаи ниҳолҳо дар як вақт ва бо реҷаи муайян обёрӣ карда мешаванд.

Маҳмадчон Абдуллоев сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, раиси хоҷагии деҳқонии «Убайдулло» мебошад. Дар ҳамин ноҳия дар 10 га замини худ бо кишту кори сабзавот машғул мебошад. Баъди иштирок дар семинаре, ки дар меҳмонхонаи Рамзи шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуда буд, хоҷагидор ба хулосае омад, ки аз технологияҳои инноватсионӣ ҳатман истифода барад. “Ман бисёр хушҳолам, ки намояндагони лоиҳаи КЛИМАДАПТ маро ба семинари худ даъват карданд ва ман аз олами навгониҳои кишоварзӣ бохабар шудам. Бо истифода аз системаи обёрии қатравӣ мо метавонем то панҷ маротиба оби полезиро сарфа намоем” – мегӯяд Маҳмадҷон.

Бояд  қайд кард, ки кишоварзони маҳаллӣ аз сабаби танқисии оби полезӣ ҳосили дилхоҳ ва арзандаи меҳнати ҷафокашидаи худро гирифта наметавонанд. Ҳангоми ба роҳ мондани ҳамкории зич ҳамроҳи шарикони рушд ва лоиҳаи КЛИМАДАПТ деҳқонон метавонанд дар бартараф кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

АгроинформТҶ