Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ дар Душанбе миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек ҳудуди 20 қарордод ба имзо расид.
Аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи ҳамоиши тиҷоратии ҷонибҳо дар Душанбе ба маблағи беш аз 35 млн. доллар қариб 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ширкати истеҳсоли маводи кимиёвии «Узкимёсаноат» доир ба таҳвили маҳсулоти худ ба Тоҷикистон, аз ҷумла навъҳои гуногуни нуриҳои минералӣ 5 қарордод баста, маблағи умумии санадҳои баимзорасида барои давраи солҳои 2017-2018 — 28,4 млн. долларро ташкил дод.
Корхонаи истеҳсоли автомашинаҳои «Узавтосаноат» бо ширкатҳои тоҷикистонии «Лесинвест» ва «Тоҷмоторс» барои давраи солҳои 2017-2018 ба маблағи умумии 1,8 млн. доллар созишнома ба имзо расонид.
Ширкати «Узавтосаноат» ва корхонаҳои зертобеи он дар бораи интиқоли қисмҳои эҳтиётӣ бо ширкатҳои гуногуни Тоҷикистон шартномаҳо ба имзо расонида, вале маблағи он маълум нест.
Ғайр аз ин, зимни вохӯрии доираҳои тиҷоратии кишварҳо дар бораи ба Тоҷикистон интиқол додани масолеҳи сохтмон аз кишвари ҳамсоя чор қарордод ба имзо расидааст, ки маблағи он 500 ҳазор долларро ташкил дода, он давоми ҳамин сол амалӣ мешавад.
Ин қарордодҳо байни ширкатҳои «Квартс» ва «Бестметалконстракшн»-и Ӯзбекистон ва корхонаҳои «Файзи Хуршед», «Пешсаф-1», «Тҷ-Мол» ва «Замон Трейд» имзо шудааст.
Ҳамчунин дар бораи фурӯши маҳсулоти хӯроквории Ӯзбекистон дар Тоҷикистон протокол ба имзо расида, дар қарордоди имзошуда миёни ширкати «Узбекозиқовқатхолдинг» ва ширкати тоҷикистонии «Иқтидор» ба маблағи 2 млн. доллар ҳамкориҳо дар давраи солҳои 2017-2016 пешбинӣ шудааст.
Байни ширкати «Узэлтехсаноат» ва ширкати «Неъматбахш» дар бораи таҳвили таҷҳизоту дастгоҳҳои барқии маишӣ ба Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 2,5 млн. доллар Ёддошт ба тасвиб расид.
Read more: http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20170421/uzbekozikovkatholding