Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта ба хориҷи кишвар аз Тоҷикистон 1,7 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1,1 ҳазор тонна пиёз, 520,6 тонна зардолу ва 39,6 тонна гелос содирот шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, «Тоҷикматлубот» сол то сол ба фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар бозорҳои дохилу хориҷи кишвар густариш бахшида, шарикони асосии Иттифоқ Афғонистону Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
«Соли гузашта ҳаҷми даромади умумии Иттифоқ дар ҳама самтҳо 90 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соле пештар аз ин 898 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст, — иброз дошт номбурда. — Соли гузашта аз ҳисоби пардохти андоз «Тоҷикматлубот» ба буҷети ҷумҳурӣ 35,3 млн. сомонӣ маблағ ворид кард».
Раиси Иттифоқ зикр кард, ки айни замон дар қаламрави кишвар дар соҳаи матлубот 73 бозор бо беш аз 16,3 ҳазор фурӯшгоҳҳо ва зиёда аз 3,7 ҳазор дӯкону мағозаҳо амал карда, соли 2016 ҳаҷми умумии даромади бозорҳо 22,8 млн. сомониро ташкил додааст.
Зимнан зикр гардид, ки «Тоҷикматлубот» дорои шабакаҳои хӯроки умумӣ низ буда, дар ҷумҳурӣ 187 корхонаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла 15 тарабхона, 57 чойхонаҳо ва 115 ошхона фаъолият доранд.