Аз рӯи таҳлилҳо талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ то соли 2050 ба 60% зиёд гардида, ягона роҳи зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти озуқаворӣ нигаҳдории он мебошад. Дар айёми кӯдакӣ волидайн ба ман насиҳат мекарданд, ки маҳсулоти хӯрокиро исроф кардан мумкин нест. Исроф кардани хӯрок дар фарҳанги моён гуноҳ ҳисобида мешавад. Ман боварии комил дорам, ки дигар халқҳои ҷаҳон ҳам чунин рафторро меписанданд. Ва саволе ба миён меояд, ки дар кадом марҳилаи занҷири дастрас намудани маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон талафот пайдо мешавад? Кадом намуди маҳсулоти озуқаворӣ ҳолати зиёдтар аз даст додаро ба вуқӯъ мепайвандад ва барои чӣ чунин ҳолат рӯй медиҳад? Бо мақсади посух ба ин саволҳо ман, дар доираи лоиҳаи «Нигаҳдории озуқаворӣ», ки аз тарафи ташкилоти байналхалқӣ ФАО дастгирӣ мешавад, оиди талаф ёфтани маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистонро таҳлил гузаронидам.

Таҳлили мазкур бо назардошти интихоби маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла: гандум, картошка, пиёз, зардолу ва шир, ба роҳ монда шуд. Муайян гашт, ки маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи аввали занҷираи дастрас гардидани маҳсулоти озуқаворӣ, махсусан: дар вақти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар мавсими баъд аз ҷамъоварии ҳосил, дар тарзи нигоҳубин кардани он ва дар марҳилаи фурӯш ва дастрас намудан пайдо мешавад. Маълум гашт, ки аз байни ҳамаи маҳсулоти дар боло зикршуда, дар марҳилаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баъд аз мавсимӣ, нигоҳубин ва дастрас намудани он, зардолу аз ҳама талафи зиёд мебинад. Баҳодиҳии умумии талаф маҳсулоти озуқаворӣ дар занҷирӣ дастрас ба тариқи ҷадвали зерин пешниҳод карда мешавад.

Истеҳсолот дар хоҷагии қишлоқ % Муроҷиат баъд аз ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ % Коркард ва банду баст% Датрас намудан % Истеъмолкунанда %
Тухмӣ (гандум) 7.3 1.3 1.8 2.2 1.6
Картошка 4.9 5.2 0.2 6.4 4.3
Сабзавот (пиёз) 5.3 7.1 0.3 6.0 4.08
Меваҷот (зардолуи хушккардашуда) 20 15 3.3 4.1 0.1
Шир 7.2 0.4 0.7 4.6 2.0

Тоҷикистон иқтидори васеи содироти зардолуро дорад. Дар соли 2014 ҳаҷми умумии маҳсулоти хушку тар, аз ҷумла зардолуи хушккардашуда, ба 30,721 ҳазор доллари ИМА баробар мебошад. Дар ҳақиқат, пешгирӣ намудани талафот, ки дар марҳилаи баъд аз мавсимӣ пайдо мешавад, бисёртар барои хоҷагидорон ва деҳқонон фоида хоҳад овард. Дар Тоҷикистон бисёр навъҳои зардолу дастрас буда, ҷамъоварии онҳо бо усули ананавӣ ба роҳ монда шудааст. Масалан, барои ҷамъ намудани ҳосил онро бо хода аз дарахт меафшонанд, ё ки меваро аз дарахт бо тарзи ларзонидани дарахт дастрас менамоянд. Дар ин ҳолат ҳосили зардолу ба замин ё ба рӯи матои кушодашуда мерезад ва баъд он ба қуттиҳо бо даст ҷамъ карда мешавад. Усулҳои истифода бурда шуда ба миқдори 25-30% талафоти мева ва нобудшавии он оварда мерасонад. Зардолу дорои мӯҳлати кӯтоҳтарини пухта расидан дошта, бояд дар давоми рӯзҳои башумор ҷамъ карда шавад. Дар мавсими ҷамъоварӣ ҳаҷми қувваи корӣ кофӣ набуда, барои талаф додани меваи пухтагузашта сабаб мешавад. Ворид намудани усулҳои замонавии ҷамъоварии мева, аз ҷумла механикӣ, ки барои Тоҷикистон зарур аст, бояд ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон обу ҳавои номусоид ба монанди шамол, борон ва жола метавонад меваи пухта расидаро талаф диҳад.

drying_of_apricot

Аз сабаби дастрас набудани иншоотҳо барои нигоҳубин кардани меваҳо деҳқонон зардолуро дар ҳолати тар ва ё хушк ба бозорҳои минтақавӣ пешниҳод менамоянд. Одатан зардолуро дар рӯи замин ё дар рӯи матоъҳои полиэтиленӣ хушк мекунанд. Бо мақсади боз ҳам дарозтар намудани мӯҳлати нигаҳдории меваи хушк онро бо усул ананавии буғӣ коркард менамоянд. Чунин тарзи коркард ба боз ҳам зиёдтар талаф ёфтан ва паст шудани сифати мева, дар марҳилаи баъд аз мавсимӣ ва захира кардани он оварда мерасонад. Инчунин, эҳтимолияти таъсири номусоиди обу ҳаво ҳам дар вақти хушк кардани мева вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат, вобаста аз намуд ва сифати зардолу, дар вақти коркард кардани он бо сабаби талафи намӣ ва вазни мева ба миқдори аз 10 то 70% ба назар мерасад.

Дар муддати гузаронидани таҳлилҳо муайян мегардад, ки миқдори талафи баъд аз мавсим ҷамъ намудан вобаста аст аз намуди технология, касбияти менеҷер, потенсиали мутахассис, даромадани хоҷагидорон ба сарчашма. Аз ин сабаб ҳаҷми талаф бад аз мавсимӣ ҷамъ намудани маҳсулот вобастаги аз он дорад, ки истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулот барои фурӯш аз ҷониби истеҳсолкунандаи хурд ва фурӯшанда ё аз ҷониби истеҳсолкунандаи калон ва фурӯшанда, ки бо истифодаи технологияи нави замонавӣ истеҳсол ва бо таҷрибаи фурӯши чаканаи маҳсулот машғул мебошанд.

Бо пешниҳодҳои зарин барои барҳам додани талафи мева дар занҷираи умумии пешниҳоди маҳсулоти озуқаворӣ:

  • Баланд бардоштани малака ва омӯзонидани хоҷагидорон бо технологияи ҷамъ намудани ҳосили зардолу;
  • Ҷорӣ намудани усулҳои дастрас кардани меваи хушки зардолу аз ҷиҳати гигиенӣ ва бехавф будани маҳсулот: татбиқи стандартҳои байналмиллалӣ ба монанди GlobalGAP, HACCP ва системаи идоракунии сифат;
  • Беҳтар намудани тарзи басту банд тариқи ворид намудани технологияи навъ барои нигаҳдорӣ ва басту банди мева;
  • Гирифтани иҷозат барои фоиданокии маҳлулҳои химикӣ барои коркарди дарахтони зардолу: ахборотонии давлати баҳри мубориза бар зидди ҳашаротҳои зиёновар ва бемориҳо;
  • Васеъ намудани як ё ду намуди навъи ниҳолҳои зардолу барои истеҳсоли индустриалӣ;
  • Ҳавасманд намудан ва ворид намудани тарзи объёрии қатрагӣ дар боғҳо;
  • Ташкили обёри намудан дар фасли зимистон, таъмин шудан бо қувваи барқ дар тамоми фасли сол;
  • Гузаронидани таҳлилҳо, нархгузорӣ, маниторинги барномаҳо бо мақсади паҳн намудани ахборот аз рӯи таҷрибаҳо пешқадам ва аз байн бурдани талафот бад аз мавсимӣ ҷамъ намудани ҳосил.

Агар дар Шумо маълумот доир ба усулҳои муборизаи самараноки мубориза зидди Талафшавӣ баъди ғункунии зардолу мавҷуд бошад ба мо маълум гардонед ва ҳамин тариқ метавонем зардолуро дар ҳудуди Тоҷикистон эмин дорем. Ҳисоботи пурраро дар сомонаи www.fao.org метавонед пайдо кард.

Умеда Набиева, Мутахассиси соҳаи занҷираи арзиши иловашуда,  unabieva@gmail.com , тел. 987 55 50 50