Нархҳо ба маҳсулоти асосии ғизойӣ аллакай муддати чор сол аст, ки пайдарҳам поин мераванд
Тавре аз хадамоти матбуоти Ташкилоти ғизо ва кишоварзиии СММ (ФАО) хабар доданд, ин ҳолатро коршиносон ба суст шудани суръати рушди иқтисодии глобалӣ ва ҳосили хуб ба даст овардан нисбат медиҳанд.
«Истеҳсоли бузургмиқёс дар партави талаботи начандони зиёд дар ҷаҳон ва таҳкими қурби доллар сабабҳои аслии нархҳои паст ба маводи ғизойӣ тӯли соли 2015 мебошанд», — гуфт сариқтисодчии ФАО Абдулризо Аббосиён.
Моҳи декабри соли гузашта нисбат ба моҳи пешин нархи зироати ғалладона — 1,3%, маҳсулоти ширӣ — 1% ва маҳсулоти гӯштӣ ба андозаи 2,2% поин рафта, аммо нархи қанду шакар нисбат ба моҳи гузашта дар моҳи декабр 0,6% боло рафтааст, ҳарчанд нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 21% арзонтар аст.