Ҳамкорони мӯҳтарам ва дӯстони азиз,
Охирин саҳифаи тақвим ҳам аз девор канда шуда истодааст ва бо он ҳамаи бурду бохт, пешравиҳо, пастиву баландиҳои фаъолиятамон ба як саҳифаи таърих табдил ёфта истодааст. Соли нави 2016 дари ҳар яки мову Шуморо мекӯбад.
Биёед бо чеҳраи кушод, бо ниятҳои нек ва нақшаҳои олиҷаноб дарро ба рӯи Соли Нав мекушоем. Вақти он расидааст, ки аз соли гузаштаистода беҳтарин лаҳзаҳоро қабул карда, нохушиҳоро паси сар намоем. Вақти он расидааст, ки амалҳои навро ҳусни оғоз бахшида, назди худ мақсадҳои нав гузошта, қуллаҳои баландро ноил шавем.
Ба ҳамаи Шумоён муваффақиятҳои касбӣ, ҳамдигарфаҳмию эҳтироми колектив ва барои заҳматҳоятон мукофотҳои арзандаро таманно дорем. Бигзор сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо бошад!
Саломату сарбаланд бошед!
Бо орзуи нек,
Аҳли кормандони Нексигол Мушовир