Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» барои рушди устувори чарогоҳҳо ва соҳаи чорводорӣ ва дар ин замина вусъат бахшидан ба ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Бо мусоидати Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ноҳияҳои Шӯрообод, Темурмалик, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ташкил гардидааст.
Бо мақсади дастгирии ҷамъиятҳои мазкур аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 21 — 22 декабр ба ноҳияи Шӯрообод 5 трактор ва 3 ядак, ба ноҳияи Темурмалик 11 трактор ва 3 ядак, ба ноҳияи Муъминобод 17 трактор ва 14 ядак, ба ноҳияи Балҷувон 12 трактор ва 8 ядак ва ба ноҳияи Ховалинг 19 трактор ва 7 ядак, дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» 5 трактор ва як адад ядак, дар маҷмӯъ 69 трактори тамғаи МТЗ ва 36 ядак дастрас гардид.
Истифодаи мақсаднок ва самараноки техника ва мошинолоти кишоварзӣ имконият дод, ки мушкилоти мавҷудаи хоҷагидорон дар деҳот бартараф шуда, дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбатан афзун гардад. Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбута чорабиниҳои лоиҳавиро амалӣ намуда, дар оянда низ тибқи нақшаи татбиқи лоиҳа тасмим гирифта шудааст, ки барои рушди чорводорӣ, таъминот бо оби полезӣ ва ошомиданӣ, барқарор сохтани инфрасохтори деҳот, сохтмони нуқтаҳои байторӣ, гузаргоҳҳо, хушзотгардонии чорвои маҳаллӣ ва ривоҷи боғдорӣ чорабиниҳои зарурӣ амалӣ шаванд.
khovar.tj