Дар даҳсолаи охир заминдории органикӣ дар Аврупо бо шиддат тарққӣ карда истодааст, ки ин раванд аз ҷиҳати таассурёбии қисматҳои ҷудогонаи муҳити зист ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аз таъсири оқибатҳои манфии кишоварзии анъанавӣ ба миён омадааст. Бар замми ин, ба чунин рушд маводҳои қонунӣ ва маъмурии аз ҷониби ИА (Иттиҳоди Аврупо) ба табъ расида саҳми худро гузошта истодаанд, ки истеҳсол, коркард ва моҳияти био-маҳсулотҳоро ба тартиб меоваранд. Танҳо истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои органикӣ ҳуқуқи истифодабарии мафҳумҳои БИО, ЭКО ёки ОРГАНИК-ро дар номгузорӣ ба молу маҳсулоти (ашёи хом ва маҳсулоти тайёр) истеҳсолшавандаи худ доранд.
Нашри мазкур метавонад ҳамчун маълумотнома дар омӯзиши талаботи стандартҳои байналмиллалии Иттиҳоди Аврупо 834/2007 хизмат намояд, инчунин хонадагонро бо қоидаву шартҳои асосӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти органикӣ шинос намояд.
Дастурамал оид ба гузариш аз заминдории анъанавӣ ба органикӣ (2,5 MiB, 509 hits)