Дар бораи мо

Ташкилоти Ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» тартибдиҳандаи Низоми Кишоварзии Иттилоотии Маркетингӣ дар Тоҷикистон – АгроИнформ.Тҷ мебошад.

АгроИнформ.Тҷ – ин системаи иттилоотиест, ки муносибати ҳаматарафаро ба хизматрасонии иттилоотии намояндагони агро-бизнес: аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ оғоз намуда, то корхонаҳои коркард, харидорони яклухт, таъминкунандагони воситаҳои кишоварзӣ ва ҳамаи он касон ва ширкатҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ манфиат доранд, таъмин менамояд.

Ҳадафи АгроИнформ.Тҷ пешбарии бозори маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо воситаи ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва дастрас намудани маълумотҳои аниқу муфассал, ки барои бурдани агро-бизнес зарур аст, мебошад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад АгроИнформ.Тҷ технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникативиро истифода мебарад. Хизматҳои иттилоотии АгроИнформ.Тҷ, ки бо воситаи хизматрасонии Интернет-портал, СМС-ирсолҳо ва рӯзномаи “АГРОИНФОРМ.ТҶ” амалӣ мегардад, истифодабарандагон метавонанд маълумоти ба талаботи онҳо ҷавобгӯро ҳамавақт новобаста аз ҷои худ пайдо намоянд, гиранд ва истифода баранд.
Имрӯз АгроИнформ.Тҷ  чунин хизматрасониҳоро пешниҳод мекунад:
  • Интернет-портал оиди мавзӯъҳои кишоварзӣ www.agroinform.tj
  • Рӯзномаи кишоварзии «АГРОИНФОРМ.ТҶ»
  • Дастрас намудани маълумоти лозима ба телефони мобилӣ тавассути СМС
Ҳамкорони АгроИнформ.Тҷ
АгроИнформ.Тҷ бо ташаббуси лоиҳаи «Рушди Бозори Махалли»-и Ассотсиятсияи швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Helvetas) ва Ташкилоти Голландӣ оид ба рушди ҳамкорӣ (ICCO) ва лоиҳаи “Мусоидат ба Савдо”-и Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид (БР СММ)  ва Ҳукумати Финландия оғоз гардидааст, баъдан ин ташаббус аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд,  Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нексигол», Созмони Рушди Олмон (DED),  лоиҳаи СЕНАС, Ташкилоти Ҷамъиятии “Рушди Деҳот” ва дигар ҳамкорон вобаста ба рағбат ва имконияти иштироки ҳар яки онҳо дар рушди ин система дастгирӣ ёфтааст.