Имрӯзҳо рушди технологияҳои нав имконият медиҳад, ки сатҳи истеҳсолнокӣ баланд шуда, арзиши аслии истеҳсол паст карда шавад ва сифати маҳсулот беҳтар гардад.
Дар соҳаи аграрии муосир якчанд самтҳои рушди технологияҳо ва истифодаи навгониҳоро ҷудо кардан мумкин аст, ки яке аз он объёрикунии қатрагӣ маҳсуб меёбад.
Обёрикунии қатрагӣ — ин на танҳо имконияти хуб барои рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ, балки ҳалли муаммо вобаста ба истифодабарии самаранокии обҳо ва давраи обёрӣ аст.
Оиди ин ва дигар имкониятҳои нав раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ваҳдат ва Турсунзода дар рафти вохӯри маълумот гирифтанд, ки аз ҷониби Бонки Эсхата ташкил карда шуд. Ба вохӯрии мазкур ҳамчунин намояндаи ташкилоти байналхалқии ABCI Agro Business Consulting Internation Ҷамшед Бобоалиев ва намояндаи ташкилоти «Сароб» Қиёмиддин Иззатов даъват карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Бонки Эсхата фаъолона қарзҳои аграриро барои мизоҷон бо шартҳои дастрас пешниҳод намуда, оиди дастгирии техникӣ низ мусоидат мекунад. Ҳамоҳангсоз оид ба рушди Агро-қарзҳо Шӯҳрат Усмонов чунин қайд намуд:
«Ҳадафи асосӣ дар он аст, ки раисони хоҷагиҳои деҳқониро бо технологияҳои нав шинос намоем, ки ба туфайли он деҳқонон ҳосили фаровон ба даст меоранд. Барои ин Бонки Эсхата омода аст, ки аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд, ширкати ABCI бошад, машварат ва таҳлили молиявии мизоҷро гузаронад, ҳамчунин ташкилоти «Сароб» бо техникаи зарурӣ ва таҷҳизоти махсус таъмин намояд.
Ин дастгирии сеҷониба ба деҳқонон на танҳо барои аз худкунӣ, балки ҷорӣ намудани технологияҳои нав кӯмак мерасонад, ҳамчунин метавонад, ки ҷараёни корҳои саҳроӣ осон ва ҳосили хуби деҳқон ба даст оварда шавад».
Дар навбати худ, иқтисодчии шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ Шавкат Калонов ба ҳозирин доир ба фаъолияти Бонки Эсхата дар самти лоиҳаи иҷтимоию экологӣ, аз ҷумла қарзҳои сабз барои ба даст овардани маҳсулотҳои каммасрафи энергетикӣ маълумоти муфассал дод. Баромади ӯ на танҳо барои муаррифии хизматрасониҳои бонкӣ, балки баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ равона карда шуд.
«Вазифаи мо наздик шудан ба аҳолӣ ҷиҳати кӯмак дар беҳтарсозии фаъолияти хоҷагии қишлоқ, паст кардани истифодаи захираҳо, ҳамчунин таъмини онҳо бо манзили дастрас аст. Ҳамаи ин маълумотҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи маърифати молиявӣ пешниҳод карда мешаванд», — қайд намуд Шавкат Калонов.
Ба раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба хизматрасониҳои бонкӣ барои кофтани чоҳҳои амудӣ, сохтани гармхонаҳо ва дигар хизматрасониҳои қарзҳои аграрӣ маълумот пешниҳод карда шуданд. Нишастагон ба шартҳои дастгирии сетарафа мароқ зоҳир намуданд.
Вохурӣ самаранок ҷамъбаст гардид. Ин гуна вохӯриҳо дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи нақшаи тасдиқшуда гузаронида хоҳанд шуд.