Моҳи август айёми ҷамъоварии ҳосили миёнпазаки нок мебошад, аз ин лиҳоз тавсия дода мешавад, ки ҳосили пухтарасида саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ карда шавад. Инчунин, корҳои тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, даровардани ғизоҳо саривақт гузаронида шавад. Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии Сӯхтаи бактериявӣ (Бактериалный ожог), зараррасони Асалак (Медяница) дошта бошад, дар давоми нашъунамо бо заҳрдоруи Скор 0,2 л+Актеллек 2 л (Данадим Эксперт 2 л)  якҷоя бо 1000 л об маҳлул омода карда пошидан тавсия дода мешавад. Ҳангоми калоншавии мева бар зидди касалиҳои қӯтурак (парша), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) бо фунгисидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л, ё Топсин 70 М 1,0 кг якҷоя бо 800-1000 л об, барои зараррасонҳо инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л  ё Малатион 57%  0,5 л якҷоя карда коркард кардан тавсия дода мешавад. Барои калоншавӣ ва босифатшавии  меваҳо, аз барг бо Агровитамин 2,0 л+Оракул мкс якҷоя бо 800-1000 л об (Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л) пошидан тавсия дода мешавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо қатъ карда шавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.