Ҷамъоварии оби борон махсусан дар минтақаҳое муфид аст, ки оби рӯизаминӣ вуҷуд надорад, ё обҳои зеризаминӣ чуқур ҷойгир шудаанд ва ё аз сабаби он дастнорасанд, ки хок сахт ё шӯрӣ ё туршии баланд доранд. Ҷамъоварии оби борон ҳамчун усули ба даст овардан, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои маҳаллӣ барои мақсадҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои хушк ва нимхушк муайян карда мешавад.

Барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории оби борон иншооти хурд ва ҳам калон истифода мешаванд, аз ҷумла ҷӯйборҳо, зарфҳо, обанборҳо ва сарбандҳо. Минтақаи обҷамъкунӣ. Минтақаи обҷамъкунӣ — ин майдони обҷамъшавии ибтидоӣ мебошад, дар аксари ҳолатҳо боми хона ё бино, сатҳи хок ё санг аст.

Аз болои бом оби борон дар контейнерҳои канори бом ҷамъ карда мешавад ё тавассути ҷўйборҳо ва қубурҳо ба системаи нигоҳдорӣ равона карда мешавад. Боми хона метавонад аз маводҳои гуногун, аз қабили оҳан, лавҳаҳои сементию алюминӣ, сафолҳо ва сангҳои табиӣ сохта шавад. Ҷамъоварии оби борон барои истифодабарӣ дар хона мувофиқ аст ва метавонад обро барои истифодаи хонагӣ ва кишоварзӣ дар қитъаҳои хурд таъмин кунад.

Инчунин, барои ҷамъоварии оби боронӣ метавон аз плёнкаҳои полиэтиленӣ истифода бурд. Барои ин дар қитъаи замини худ чуқурӣ кофта, қабати болоии заминро бо плёнка рӯйпӯш кардан лозим аст. Ин усул нигоҳдории оби боронии аз сатҳи замин ҷорӣ шударо таъмин месозад ва барои обёрикунии зироатҳои киштшудаи замини назди ҳавлигӣ ёрӣ мерасонад.