Дар моҳи июл коркарди байни қаторҳо, тоза кардан аз алафҳои бегона, обёрӣ, ғизодиҳӣ, ғизодиҳӣ аз барг иҷро карда мешавад. Даровардани нуриҳои нитрогенӣ N 100 кг/га (м.т) моддаи таъсиркунанда, Р 70 кг фосфор, К 30 кг (NPK) тавсия дода мешавад. Меъёр таҳлили хок ва ҳосилнокии хокро ба назар гирифта, муайян карда мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамини 0,5 л+1,0 л/га Оракул мкс якҷоя бо 200-300 л/об (барои гардолудшавӣ Codamin B-Mo 100-250 мл ба 100 л об, Codafol 8-11-3  0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га) якҷоя бо 200-300 литр об омехта карда, пошидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Мубориза бар зидди заррасонҳои ширинча, тортанакканаи оддӣ, трипс, кирми тирамоҳӣ бо Каратэ 5% к.э 0,2 л/га, Омайт 1,5 л/га, НурелД 55% 1,0 л/га, Энжио 24,1% к.э 0,100-0,150 мл/га, Вертимек 1,8 к.э 0,4 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 200-400 л/об омехта карда, саҳари барвақт ва ё бегоҳӣ пошидан тавсия дода мешавад.