Гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди касалии пажмурдашавии баргҳо, қӯтурак, гардзании шафтолу бояд коркард бо фунгитсиди Браво 2,5 л, Косайд 2 кг, Топаз 0,5 л ё Скор 0,2 л+0,1-0,15 л инсектисидҳои Десис 10%, Каратэ 0,6-0,8 л, Энжио 0,3 л якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда коркард кардан тавсия дода мешавад. Барои як гектар боғи ҳосилдиҳанда меъёри солона (афзоиши дарахт, ҳосилнокии хок ва таҳлили хокро ба назар гирифта) даровардани 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг сулфати калий тавсия дода мешавад.

Барои намиғундории хуби хок ва несту нобуд гардидани касалӣ ва зараррасонҳои дар хок маскангирифта ҳатман хоки байни қаторҳоро коркард намоед. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Ғизодиҳӣ дар давраи мевабандӣ ва калошавии мева, аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0л Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л, ё Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Оракул мкс 1,0, Codafol 8-11-3 0,7 л, Codafol 150 2,0 л) якҷоя бо 800-1000 л/об гузаронидан лозим аст.Аз ин маводҳо фақат яктояшро истифода баред. Дар давраи нашъунамо фосилаи коркард 10-15 рӯз ва 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад, ки ин чорабинӣ барои афзоиши дарахти шафтолу ва калоншавии мева мусоидат мекунанд. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани захрдоруҳо қатъ карда шавад.