Давом додани корҳои агротехникӣ, ки дар моҳи май барои сабзавотҳо гузаронида мешавад, ин ғунучини ҳосили барвақтии карам, гулкарам, помидор, бодиринг, сирпиёз ва лаблабу мебошад. Инчунин тоза кардани замин аз алафҳои бегона, обёрикунӣ, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг мебошад. Ғизодиҳии аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул МКС якҷоя, ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг якҷоя бо 300 литр об омехта карда, пошидан лозим аст. Ин маводҳо барои афзоиши сабзавотҳо ва барвақт пухта расидан мусоидат мекунанд. Барои сабзавотҳои миёнпаз бошад, даровардани нуриҳои минералӣ бо меъёри 100 кг Карбамид, 100 кг Аммофос ё Нитроаммофоска барои як гектар тавсия дода мешавад. Касалии бодиринг, сирпиёз пероноспороз (касалии зардак) коркард бо фунгиситҳои Тиовит Джет 2,0 кг, Ридомил голд 2,5 кг/га, помидор фитофториоз, алтернариоз, Ридомил голд 2,5 кг/га,  ё пошидани фунгиситҳо Косайд 2 кг/га, Курзат 2 кг/га ё Квадрис 0,8 л якҷоя бо 200-300 л об тавсия дода мешавад. Аҳамият диҳед, ки намнокии хок баланд нашавад. Гузаронидани ин чорабиниҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд ва босифат самараи хуб медиҳад. Вобаста ба гармии ҳаво ва шароити замин гузаронидани обёрии бо меъёр тавсия дода мешавад. Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва усули кимёвӣ гузаронида шавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.

Баъд аз шинонидани кӯчати помидору бодиринг дар замини кушод то фарорасии мавсими гулкунӣ намии хок бояд 70% бошад ва меъёри як обмонӣ вобаста ба намуди хок ба ҳисоби миёна 700-800 м3 бошад, миқдори обмонӣ дар мавсим 15-16 маротиба аст.