Корҳои агротехникии пиёзи пешпазак, ки дар моҳи апрел бояд иҷро карда шаванд: тоза кардан аз алафҳои бегона, обёрӣ, ғизодиҳӣ, ғизодиҳӣ аз барг, ғунучини ҳосил мебошанд. Дар ҳолати паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳи апрел, ғизодиҳии пиёзи пешпазак аз барг тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул МКС ё CODA мкс 0,5л  200-300 л, CODAFOL 150  1,0 л/га  200-300 л  якҷоя бо 300 литр об, ки ин мавод афзоиши пиёзи пешпазакро метезонанд ва барои барвақт пухтан мусоидат мекунанд. Барои пиёзҳои пешпазак, миёнпаз даровардани нуриҳои минералӣ бо меъёри 100 кг Карбамид, 100 кг Аммофос ё Нитроаммофоска барои як гектар тавсия дода мешавад. Бар зидди касалии пероноспороз (ҷел) пошидани фунгиситҳо Косайд 2 кг/га, Курзат 2 кг/га ё Квадрис 0,8 л якҷоя бо 200-300 л об маҳлул тайёр карда тавсия дода мешавад. Аҳамият диҳед, ки намнокии хок баланд нашавад. Гузаронидани ин чорабиниҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд ва босифат самараи хуб медиҳад. Вобаста ба гармии ҳаво ва шароити замин гузаронидани обёрии бомеъёр тавсия дода мешавад. Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва кимёвӣ гузаронида шавад.