Моҳи апрел мавсими кишти пахта фаро расид. Кишт бояд мувофиқи агротехникаи кишти пахта гузаронида шавад. Бояд замин нағз тайёр ва тухмиҳо барои кишт заҳролуд карда шаванд. Барои омода кардани замин аҳамият додан зарур аст, зеро аз сифати коркарди замин, корҳои агротехникии дар оянда гузаронидашаванда вобаста аст. Пеш аз кишт ҳолати кории тухмипошакҳоро дида бароед, чунки аз ҳолати тухмипошак сифати кишт вобаста аст. Пеш аз кишт тухмиро тар кардан лозим аст ва ҳангоми кишт гармии хок 12-14 дараҷа барои тухмиҳои оддӣ (патдор) ва 16 дараҷа барои тухмиҳои лучшуда бояд бошад. Ба чуқурии кишти тухмӣ ва меъёри кишт барои як гектарро муайян кунед.