Дар моҳи апрел бояд обёрӣ, ғизодиҳӣ, нарм кардани байни қаторҳо ва бо зарурат шустани баргҳои лимӯ гузаронида шавад. Ҳангоми пайдошавии зараррасонҳо истифодабарии маводи Вертимос 15 мл ё НуреллД 5 мл+15 равғани Ариа80% якҷоя бо 10 л об,  тавсия дода мешавад. Барои нағз гардолушавии гулҳо пеш аз гулкунӣ пошидани маводи Coda B-Mo 200-250 мл якҷоя бо 100 л об истифода баред. Ғизодиҳӣ то гулкунӣ ва давоми он N – 100 гр/2 маротиба барои ҳар як буттаи лимӯ дода шавад,  аз барг бо Агровитамин 15 мл+10 мл+10 л/об CODA mic тавсия дода мешавад. Бар зидди заррарасонҳои сафедболак биоинсектисити нав истифода баред, масалан Белла тута 1 л якҷоя бо 300 л об, бегоҳӣ соати 18-19 коркард гузаронед. Ҳангоми коркард баргҳои лимӯ пурра тар шаванд. Ин чорабиниро ҳар ҳафта як маротиба бо усули чангкунӣ (тӯпалангӣ) иҷро карда шавад. Дар вақти башаклдароии ниҳолҳои нав шинонидашуда ба буриши шохаҳои буттаи лимӯ бояд аҳамият дода шавад, чунки дар вақти коркард маҳлули корӣ пурра ба ҳамаи шохаҳои лимӯ дастрас шавад. Агар дар гармхонаҳои лимӯ тортанакканаи нуқрагин ё сурх пайдо шавад,  то вақти гулкунӣ ё баъд аз гулкунӣ маводи ҶОО (ИСО) 0,5%, Орто стан  (Ортус) акаритсит 10 мл якҷоя бо 10 л об дар 7-10 рӯз истифода баред.