Пайванд кардани растанӣ – ин ба дарахти хасакии сифатан паст – такпайванд, пайваст намудани қаламча ва ё муғчаи растании хушсифат  – дӯстпайванд мебошад.

Пайвандро асосан бо мақсади беҳтар намудани хосиятҳои растанӣ, яъне хушсифат ва серҳосил гардонидан, инчунин барои ба шароити номусоид устувор кардан иҷро менамоянд.

Ба ғайр аз он чи тавре ки маълум аст, барои гардолуд кардани бисёрии дарахтони ҷинсаш модина бояд дар наздаш дарахти гардолудкунандаи нарина бошад. Чӣ бояд кард, агар замини боғ хурд бошад, яъне шароити дар назди дарахти модина шинонидани дарахти гардолудкунанда набошад? Дар ин ҳол ба як шохи дарахти модина бояд қаламчаи дарахти дилхоҳи гардолудкунандаро пайванд кард. Боз як мисоли дигар, агар хоҳиши шинонидани дарахти нок ва ё себ дошта бошеду лекин ҷои иловагӣ барои он набошад, шумо метавонед ба як шохаи биҳӣ, нок ё себ пайванд кунед, масъала ҳал мешавад.

Дар натиҷаи таҷрибаҳои бисёрасра усулҳои беҳтарини пайванд намудани растаниҳо, алалхусус, дарахтони мевадиҳанда азхуд карда шудааст. Маълум аст, ки на ҳамаи намудҳои растаниро бо ҳам пайванд кардан мумкин мебошад. Растаниҳои ба як оила тааллуқдошта бо ҳам пайванд шуда метавонанд. Масалан, олуча, гелос, олу, зардолу, шафтолу, бодом бо ҳамдигар пайванд шуда метавонанд, чунки онҳо ба намуди растаниҳои донакдор дохил мешаванд. Себ, нок, биҳӣ, дӯлона бо ҳам пайванд мешаванд, барои он ки онҳо ба намуди дарахтони тухмидор тааллуқ доранд.

Дар олам зиёда аз 200 усули пайванд маълум мебошанд. Растаниҳоро асосан бо роҳи муғчапайванд, қаламчапайванд, найчапайванд, решапайванд, ҷанинпайванд ва ғ. бо ҳам мепайванданд. Пайванди растаниҳоро вобаста аз усули пайванд, дар фасли аввали баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон иҷро менамоянд. Ҳоло мо дар бораи яке аз паҳншудатарин усули пайванд – исканапайванд, ки аввали баҳор гузаронида мешавад, маълумот медиҳем. Бо ин усул бисёрии дарахтону бутаҳои мевадорро, инчунин току растаниҳои ситрусию ороиширо пайванд мекунанд. Ҷиҳатҳои хуби ин усули пайванд дар он аст, ба дарахтони синну сол ва ғафсиаш гуногуни такпайванд пайваст намудани қаламчаҳои ояндадори соли ҷорӣ имконпазир аст. Иҷро кардани исканапайванд душвор нест ва фоизи сабзиши пайванд хело баланд аст. Исканапайвандро дар аввали баҳор, баробари нав варам кардани муғчаҳо, акнун об гирифтани навдаҳо сар мекунанд. Аввало дарахтони донакдор ва пас аз он дарахтони тухмдорро пайванд менамоянд. Одатан исканапайвандро вобаста аз харорати обу ҳавои маҳал дар давоми 14-16 рӯз ба анҷом мерасонанд.

1 – корди махсус барои кафондани танаи такпайванд. 2- корд барои тарошидани қаламча. 3 –қайроқ барои тез кардани кордҳои пайвандӣ

Тарзи гузаронидани ҳамаи усулҳои пайванд иборат аз тайёр намудани растании хасакӣ – такпайванд ва интихоб намуда, захира кардани қаламчаҳо аз дарахти хушсифат — дӯстпайванд аст. Пас аз он ба танаи растании такпайванд пайваст намудани қаламча ва ё муғчаи аз дарахти хушсифат гирифташуда мебошад.

Инак, барои гузаронидани исканапайванд мо бояд амалҳои зеринро иҷро намоем:

Қаламчаҳо барои пайванд ва фона барои васеъ кардани шикоф

Амали якум: такпайванди хасакиро барои пайванд тайёр намоем, яъне бо латтаи нам танаашро покиза намуда аз рӯи хок 14-18 см баландтар кӯндаланг бурем ё арра кунем. Ҷои буридашударо бо корди тез суфта намоем. Пеш аз буридан бояд ҳама тарафи танаро аз назар гузаронем, ки ҷои пайвандмешуда гурм (бутоқ) дошта набошад. Агар танаи такпайванд борик бошад ва имконияти аз ду тарафи он пайваст намудан набошад, бояд ҳангоми буридан як тарафи буриши кӯндалангро 1-2 см баландтар, яъне қайчӣ ё арра мекунем ва қаламчаро аз тарафи баландтари он мепайвандем.

Қаламчаи тарошидашуда ва такпайванди кафонидашуда

Амали дуюм: тайёр намудани қаламчаҳои аз дарахтони хушсифат гирифташуда. Қаламчаҳоро бояд бо андозае бурида тайёр намоем, ки пас аз пайваст шудан 3-5 муғча дошта бошад. Барои ин тахминан қаламчаҳои 12-16 см дарозӣ доштаро тайёр менамоем ва то вақти пайванд дар латтаи тар печонида нигоҳ медорем.

Амали сеюм: ҷои танаи такпайванди кӯндаланг буридашударо камтар ба дарозии 3-4 см, агар тана ғафс бошад 6-8 см бо корди махсус кафонда, ба ҷои шикофшуда қаламчаҳои пешакӣ интихобкардаро аз ду атрофаш бо корди тези пайвандӣ мувофиқи андозаи шикоф тарошида, пайваст менамоем. Барои осон шудани гузоштани қаламчаҳо, ба мобайни шикофи кафондашуда искана ва ё фонаи аз навда тайёр кардаро бо болғача кӯбида васеътар менамоем. Ин имкон медиҳад, ки аз ду тарафи шикофи тайёркарда бо осонӣ қаламчаҳоро чунон гузорем, ки пӯсти кабуд — камбияи такпайванду қаламчаҳ

Исканапайванд бо як қаламча ва бо ду қаламча иҷро карда шудааст.

о бо ҳам мувофиқ оянд. Қисми болои қаламчаи тарошидашуда 0,2-0,3 мм баландтар ҷойгир шавад, ба такпайванд часпидани он хубтар мегардад. Пас аз он искана ва ё фонаро оҳиста мегирем, дар ин ҳол такпайванд зич қаламчаҳоро ба худ ҷазб мекунад.

Амали чорум. Агар танаи такпайванд бисёр ғафс бошад, бояд аз ду ва ё аз чор тарафи он қаламча гузошта пайванд кард. Ҳангоми ғафс будани пӯсти такпайванд нисбат ба пӯсти қаламча ҳаракат кардан лозим аст, ки қисми бофтаи камбияи онхо бояд бо якдигар ҷафс бошад, на пӯстҳояшон.

Амали панҷум. Бояд ҳамаи тарқишҳои исканапайвандро бо равғани боғӣ – (садовий вар) ва ё шамъи парафини нимгарми мулоим, агар инҳо дарёфт нашаванд, бо пластилин тунук молида, пас бо плёкаи лентагӣ як қабат печонида, аз болояш боз як қабати дигар бо латта печонида, бастан лозим аст. Агар ҷои пайванд офтоби баланд бошад, то сабзида баромадани баргҳо бо ягон роӣ соя кардан хуб аст. Ҳангоми 25-30 см сабзида, ривоҷ ёфтани қаламчаҳо оҳиста латтаю лентаҳои басташударо кушодан лозим.

Акбар Муҳамедов,
номзади илми биология,
агроном-мушовир.