Мӯҳлати кишти тухми юнучқа низ фаро расид. Аз ин лиҳоз, бояд тухми хушсифат бояд интихоб карда шавад. Меъёри кишти тухмӣ аз 14-16 кг то 25 кг барои 1 гектар аст. Тухми юнучқа ҳатман аз тухмиҳои алафҳои бегона тоза карда шуда, барои чудо кардани тухми зарпечак аз оҳанрабо (магнит) гузаронида шаванд. Кишти тухми юнучқа якҷоя бо ҷави баҳорӣ ва ё дар замини гандум ҷӯякҳо гирифта шуда, тухми юнучқа кишт карда шавад. Агар дар фасли тирамоҳ аллакай ҷав ва ё гандум кишт карда шуда бошад, болои майсаҳои ҷав ва ё гандум тухми юнучқаро кишт кардан лозим аст.