Назорати доимии боғи шафтолу аз касалӣ ва зараррасонҳо омили дарозумрии он ба ҳисоб меравад. Дар моҳи ноябр як қатор чорабиниҳои агротехникиро дар боғи шафтолу ба анҷом расонидан лозим аст. Пеш аз ҳама буриши санитариро ба роҳ монда, шоху навдаҳои аз касалию зараррасонҳо ва аз таъсири механикӣ зарардидаро бурида несту нобуд намудан муҳим аст. Меваҳои пӯсида бояд дар дохили боғ мавҷуд набошад. Агар дарахтон ба касалии шилмбарорӣ гирифтор шуда бошан,д ҳатман узвҳои зарардидаро бо корди тез тоза намуда, баъд бо маҳлули 3% купороси мис коркард намудан даркор аст. Баъд аз он, ҷойҳои коркарднамударо бо рангҳои равғанин ранг кунед.

Ба ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий додан зарур аст. Нуриҳои нитрогениро баҳорон ба нақша гиред. Нуриҳоро дар боғҳои ҳосилдиҳанда дар чуқурии на кам аз 30 см истифода намоед. Баъд аз хазонрез боғро ҳатман коркарди кимиёвӣ намудан лозим аст. Метавонед аз заҳрдоруҳои Актара (барои 1 га 200 г-ро бо 1000 л об омехта) ва Хорус (барои 1 га 0,2 л-ро бо 1000 л об омехта) истифода намоед. Ҳарорати ҳаво дар мавриди истифодаи заҳрдоруҳо на кам аз 150С бошад. Б

арои намиғундории хуби хок ва несту нобуд гардидани касалӣ ва зараррасонҳои дар хок ҷойгирифта, ҳатман хоки байни қаторҳоро коркард намоед. Барои хояндаҳо домҳои заҳролудшуда гузоред. Дарахтонро то зери шохсор бо маҳлули 20% оҳакоб ва бо иловаи маҳлули 5% купороси мис сафед кунед.

Хурсандӣ Сафаралиев