Заминҳои аз ин зироат холишударо тоза кунед. Дар киштзорҳое, ки дар марҳилаи кишту кор пленкаҳои полиэтиленӣ истифода бурда шудааст, пурра берун кунед. Зеро боқимондаҳои зироатҳои полезӣ барои ҷойгиршавӣ ва зимистонгузаронии ҳашаротҳои зараррасон шароити муфид месозанд.

Барои беҳтар кардани ҳосилхезии хок даровардани нуриҳои минералӣ ва маҳаллӣ бо ҷуфткунии замин тавсия дода мешавад.