Мӯҳлати гузаронидани кишти мустақим, яъне зироаткории сарфаҷӯй низ фаро расид. Кишоварзон метавонанд бо истифодаи тухмикишткунакҳои Кооперативи “Сароб” кишти зироатҳои ғалладонагиро бо масрафи кам ба анҷом расонанд. Тухмикишткунакҳои кишти мустақим технологияи нав дар ҷумҳурии мо ба ҳисоб рафта, аз давлати Туркия ва Бразилия ворид карда шуда истодаанд. Ин тухмикишткунакҳо бе гузаронидани ҷуфт тухмиро дар чуқурии зарурӣ бо иловаи нуриҳои минералӣ ҷойгир намуда, хокпӯш менамояд. Кишти мустақимро дар шароити заминҳои лалмӣ низ гузаронидан мумкин аст.

Акмал Насруллоев