Яке аз нишонаи пухтарасии чормағз ин кафидани 70 то 80% рӯйпӯши мева мебошад. Дар мавриди барвақт ҷамъоварии мева, мағзи он хушк ва ҳаҷман майда шуда, сифаташро гум мекунад. Пас аз чидани ҳосил бо тезӣ онро аз пӯсташ ҷудо намуда, бо оби тоза ё оби сернамак шуста, хушк мекунанд. Меваи чормағзро дар ҷойҳои хушку ҳарораташ 100С нигоҳ медоранд. Дар ҳарорати 30С аз 1 сол зиёдтар меистад. Дар яхдонҳои ҳарораташ 00С буда, то 2-3 сол нигоҳ доштан мумкин аст.

Баъд аз ҷамъоварии чормағз дар мавриди пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон ба монанди кирми мевахӯраки чормағз, тортанакканаи намадии чормағз, куяи чормағз пошидани инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад. Заҳрдоруҳоро бо истифода аз дорупошакҳои фишорашон баланд пошидан лозим аст, ки пурра дар сатҳи шоху навда маҳлули корӣ рафта расад.