Пухтарасии навъҳои тирамоҳию зимистонаи себ низ ба назар мерасад. Яке аз нишонаҳои пухтани мева ин сиёҳ шудани тухмаки дохили мева мебошад. Ҷамъоварии номувофиқ ва дери меваҳо боиси қобилияти нигоҳдории худро гум кардани себ мешавад, ки дар натиҷа дар анборхона ё сардхонаҳо тез мепӯсад.

Новобаста аз пухтарасии меваи себ бояд нигоҳубини дарахтон дуруст ба роҳ монда шавад, ки барои ҳосили соли оянда замина шавад. Дар ин айём обёрӣ ва муҳофизат намудан аз ҳашаротҳои зараррасон зарур мебошад. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил агар ҳашаротҳои зараррасон дар дохили боғ зиёд гардад, бо инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) коркард намоед.

Меваи себро беозор ҷамъоварӣ намуда, дар дохили қуттиҳо қабат ба қабат гузоштан лозим аст. Барои дурудароз нигоҳ доштани ҳосил сардхонаҳо лозим аст. Дар дохили сардхонаҳо меваи себ бо қуттиҳо ҷойгир карда мешавад. Ҳарорати дохили сардхона барои нигоҳдорӣ -1 то 00 С мебошад.

ЯК МОҲ ПЕШ АЗ ҶАМЪОВАРИИ МЕВАҲО ПОШИДАНИ ЗАҲРДОРУҲО ҚАТЪ КАРДА МЕШАВАД.

 Хурсандӣ Сафаралиев