Дар моҳи октябр ғунучини ҳосил ва давом додани корҳои агротехникӣ, нест кардани алафҳои бегона, обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, мубориза бар зидди касалиҳо ва заррасонҳо гузаронида мешаванд.

Бар зидди касалии гардзании ордак ва секроспорос бо фунгитсиди Скор (барои 1 га 0,4л бо 300 л об омехта) дар вақти нашъунамо пошидан лозим аст. Инчунин бар зидди гардзании ордак, секроспорос, зангзанӣ, алтернонариоз ва фомозб Титул Дуо к.к.р. (200 г/л Пропиканизол) бо меъёри барои 1 га 200-250гр бо 300л об ва Алто Супер (300 гр бо 300л об омехта карда) дар вақти нашъунамо пошидан лозим аст. Барои зараррасонҳои хоянда Нурелл-Д (барои 1 га 0,5л бо 300 л об омехта) пошидан тавсия дода мешавад.

Ҳосили чидашуда барои фурӯш, коркард ва содирот ҷудо карда мешавад.

ПЕШ АЗ 20-30 РӮЗИ ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ КОРКАРДИ КИМЁВӢ ҚАТЪ КАРДА МЕШАВАД.