Дарахти чормағз ба гурӯҳи дарахтони мевадиҳандаи намидӯст дохил мешавад. Аз ин лиҳоз дар минтақаҳои кӯҳӣ аз намнокии табиӣ таъмин ва ҳарорати ҳавои мӯътадил дошта ҳосили фаровон медиҳад. Барои ҳамин, дар ин моҳ яке аз чорабиниҳои асосӣ ин обёрии дарахтони чормағз ба шумор меравад. Дар ҳолати бениҳоят гарм шудани ҳарорати ҳаво ва паст будани намнокии хок хушкшавии баргҳои болои дарахтон ба мушоҳида мерасад, ки ин қобилияти таъмин карда натавонистани баргҳо бо об мебошад.

Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва паст гардидани намнокии ҳаво касалиҳои замбӯруғӣ ва бактериявӣ низ дар дохили боғҳои чормағз камтар ба назар мерасад. Лекин ҳашаротҳои зараррасон зарари худро расонида истодаанд. Дуруст мушоҳида намудан лозим аст, ки кадом намуди ҳашаротҳо дар дохили боғ ба назар мерасанд. Вақти пайдоиши кирми мевахӯраки чормағз, тортанакканаи намадии чормағз ё куяи чормағз пошидани яке аз ин инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) -ро тавсия дода мешавад. Заҳрдоруҳоро бо истифода аз дорупошакҳои фишорашон баланд пошидан лозим аст, ки пурра дар сатҳи шоху навда маҳлули корӣ рафта расад. Чорабиниҳои мазкур барои боғи чормағз дар моҳи август тавсия карда мешавад.

Хурсандӣ Сафаралиев