Дар минтақаи агроиқлимии «Қурама», ки ноҳияҳои фарогирандаи он Ашт, Б. Ғафуров ва ш. Истиқлол мебошад, моҳи август барои сабзавоти гармхонагӣ марҳилаи ҳосилғундории сабзавотҳо ва кишти дубора оғоз шудааст. Аз ин лиҳоз, дар ин давра ҳосили ба дастомадаро бе талафот ҷамъоварӣ намуда, барои кишти дубора тайёрии ҷиддӣ бояд дид. Аммо ҳосили дилхоҳ бо интихоби дурусти тухмӣ ба даст оварда мешавад. Ҳангоми интихоби тухмӣ хусусиятҳои зерини онро бояд ба назар гиред:

  • мақсади истеъмол (барои истеъмоли тару тоза ё коркард);
  • ҳосилнокӣ;
  • вазн, ранг, шакл (доирашакл, дарозшакл ва ғ.), таъм;
  • кашониданбоб ё не;
  • мавсимият (барвақтӣ, миёнапаз, дерпазак);
  • устуворӣ ба касалиҳо;
  • шароити парвариш (дар замини кушод ё гармхона);
  • бо заҳрдору коркардшуда;

Баъдан пеш аз гузаронидани кишт, безараркунии гармхона бояд гузаронида шавад. Одатан безараркунии гармхонаро ҳангоми ҳарорат аз +8°С баланд будан мегузаронанд: 400 г оҳаки хлориро дар 10 л об дар давоми 3-4 соат ҳал карда, дар дохили гармхона фаровон мепошанд.

Агар дар гармхона мавсими гузашта тортанаккана пайдо шуда бошад, 1 кг оҳаки хлориро дар 10 л об ҳал карда мепошанд.

Акмал Насруллоев