Корҳои агротехникие, ки дар моҳи август бояд иҷро карда шаванд, обёрӣ, муҳофизати кимиёвӣ аз алафҳои бегона, ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо, ғизодиҳӣ аз барг (1-2 маротиба) мебошанд. Дар вақти нашъунамо ғизодиҳӣ аз барг (барои 1 га Агровитамин 0,5л + Оракул МКС 1,0 л-ро бо 300 л об омехта), препарати Кода (барои 1 га 0,7 л-ро бо 300 л об омехта) пошидан тавсия дода мешавад. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.

Август айёми тайёрӣ ба ҷамъоварии ҳосил мебошад. Барои сабук кардани корҳои дастӣ пеш аз ғунучини ҳосили пиёз истифодаи гербитсиди Реглон Супер (барои 1 га 0,8-1,0 л-ро бо 300 л об омехта) 10 рӯз пеш аз чиниши ҳосили пиёз дар ҳолати 65-70% ғалтидани барги пиёз тавсия дода мешавад. Ғунучини ҳосилро пас аз 4-5 рӯзи коркард сар кардан мумкин аст. Ин имконияти якхела пухта расидани пиёз ва нобуд гардидани алафҳои бегонаро медиҳад.

Барои мубориза аз касалиҳои алтернариоз, пӯсишиҳои ҳархела – бо Курзат Р (барои 1 га 2,5 кг-ро бо 300-400 л об омехта), ё бо фунгитсиди Квадрис (барои 1 га 0,8 л-ро бо 300-400 л об омехта) коркард гузаронидан тавсия карда мешавад. Ҳангоми пайдоиши трипс бояд Вертимектин (барои 1 га 0,6 л) + Нурелл Д (барои 1 га 1,0 л) ва ё Энжио (барои 1 га 250мл) + Моспилан (барои 1 га 0,3 кг-ро) бо 300 л об омехта) ҳатман бегоҳӣ коркард гузаронидан тавсия дода мешавад.

Максут Отабеков