Корҳои агротехникие, ки дар моҳи июл бояд иҷро карда шавад тайёрӣ барои ғунучини ҳосили кишти барвақтӣ, идома додани корҳои агротехникии навбатӣ, яъне каландкунӣ, нармкунии байни қаторҳо, ғизодиҳӣ, обёрӣ, шинонидани тухмӣ барои кишти такрорӣ, мубориза бар зидди ҳашаротҳо, алафҳои бегона ва касалиҳо мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.

Барои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони куяи ҷуворимакка (кукурузный мотелек), ду маротиба аз 10-то 15 см шудани ниҳоли ҷуворимакка бо инсектитсиди Нурелл Д (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта) бояд коркард карда, дуюм маротиба вақти 45-50 см шудани қади ниҳоли ҷуворимакка бояд бо инсектитсиди Энжио (барои 1 га 250мл-ро бо 300л об омехта) бояд коркард кунед.

Саривақт ва босифат гузаронидани корҳои агротехникӣ касалиҳоро пешгирӣ менамояд. Ғизодиҳӣ аз барг ва реша бо Агровитамин – (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 литр об омехта) ва ё Кодамин – (барои 1 га 0,5л-ро бо 300 л об омехта) 3 маротиба бо фосилаи 10 рӯз якҷоя бо обёрӣ гузаронида мешавад. Дар ин вақт аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон барои расонидани зарар рушд ёфта истодаанд. Дар киштзор истифодаи домҳои феромонӣ, Трихограмма ва Габрабракон самараи хуб медиҳад.

Махсут Отабеков