Чормағзи заминӣ ба элементҳои ғизоӣ серталаб буда, барои 1 сентнер ҳосил дон ва баргу пояаш аз хок 6,2 кг нитроген, 1,1 фосфор ва 4 кг калийро мегирад. Аз ин лиҳоз, дар моҳи июл барои мӯътадил нашъунамо кардани ниҳоли чормағзи заминӣ гузаронидани ғизодиҳии иловагӣ тавсия дода мешавад.

Чормағзи заминӣ ба нуриҳои минералӣ серталаб мебошад, махсусан ба фосфор. Барои гирифтани ҳосили 1,5–1,8 т аз як гектар замин миқдори зерини нуриҳо лозим аст: пору 10-15 т/га, фосфор 40-50 кг/га ва калий 20-30 кг/га. Истифодабарии нуриҳои нитрогению калигӣ ба миқдори 10 кг/га ҳангоми саршавии гулкунӣ ва ҳосилбандӣ натиҷаҳои хуб медиҳад.

Тавсия дода мешавад, ки байни қаторҳо дар чуқурии 6-8 см нарм карда шавад. Ҳангоми пайдо шудани гинофорҳо ба бехи растаниҳо бояд хок бардошта шавад. Дар моҳи июл, ба кишти чормағзи заминӣ баъди ҳар 15 рӯз об мондан лозим аст.

Ба чормағзи заминӣ ширинча, сафедболак ва тортанаккана зарар мерасонанд. Аз заҳрдоруҳо бар зидди ширинча препарати Талстарро ба миқдори барои 1 га 0,4-0,8 л-ро бо 300 л об, бар зидди тортанаккана ба миқдори барои 1 га 0,6-1,2 л-ро 300 л об ва бар зидди сафедболак бошад ба миқдори барои 1 га 1,2-2,4 л-ро бо 300 л об омехта истифода бурдан мумкин аст.

Акмал Насруллоев