Яке аз чорабиниҳои аввалиндараҷа барои парвариши помидор дар моҳи июл коркарди байни қаторҳо, яъне нарм кардани бехи растаниҳо мебошад. Нарм будани хок ба растанӣ имконият медиҳад, ки реша хуб рушд намуда, узвҳои ҳосилдиҳанда ба вуҷуд ояд. Пеш аз обёрӣ нуриҳои азотиро истифода намоед ва фаромӯш накунед, ки истифодаи ғизоҳои ғайрирешагӣ низ барои растаниҳои сабзавотӣ ҳатмӣ мебошанд. Яке аз ин ғизоҳо Nutrivant tomato (барои 1 га 2 кг-ро бо 1000 л об омехта) ном дорад, ки махсусан барои помидор тавсия гардидааст. Микроэлементҳоро ба барги растаниҳо пошед. Ин чорабинӣ имконият медиҳад, ки мубодилаи моддаҳо дар растанӣ фаъол гардида ҳосилнокии он зиёд гардад. Дар давраи пухтарасии зироатҳои сабзавотӣ заҳрдоруҳоро истифода накунед.

Растании бодиринг ба об бениҳоят серталаб аст. Дар шароити камобӣ ҳосилнокии он паст ва талх мегардад. Обёрии бомаврид ва истифодаи нуриҳои минералию органикӣ имконияти гирифтани ҳосили фарвони бодиринг мебошад.

Кӯшиш намоед, ки дар давраи пухтарасии ҳосили помидор ва бодиринг аз истифодаи заҳрдоруҳо худдорӣ кунед. Баргҳои зарардидаи помидор ва бодирингро аз касалиҳои занбӯруғӣ ва ҳашаротҳои зараровар бо қайчӣ бурида несту нобуд намоед. Қайчиро бо маҳлулҳои безараргардонӣ коркард намоед (спирт 70%). Дар дохили киштзор ва гармхонаҳо домҳои равшанидиҳанда, ё феромонӣ ва варақаҳои часпак гузоред. Ин боиси несту нобуд гардидани ҳашаротҳои зараррасон мегардад.

*** *** ***

Вақти гузаронидани кишти такрорӣ низ фаро расид. Баъди гирифтани ҳосили барвақтии зироатҳои сабзавотӣ ё ин ки ғалладонагӣ метавонед кишти сабзиро ба роҳ монед. Ин имконият медиҳад то охири мавсим ҳосили хушсифати он пухта расад. Барои кишти сабзӣ заминро хуб коркард ва аз алафҳои бегона тоза намудан лозим аст. Кӯшиш кунед, дар заминҳое, ки зироатҳои сабзавотии бехмева кишт гардидааст, сабзӣ кишт накунед. Сабабгори пайдоиши касалиҳои замбӯруғию бактериявӣ дар бехмевагиҳо маҳз риоя нагардидани ин талабот мебошад. Тухми сабзӣ вақти кишт бояд дар чуқурии то 1,5 см ҷойгир бошад. Бениҳоят чуқур кишт гардидани тухмии сабзӣ боиси нобуд гардидани он мешавад. Инчунин агар тухмӣ дар сатҳи болои хок монад ва зери хок нашавад, ин ҳам боиси аз таъсири нури офтоб нобуд гардидани майсаи навсабзидаи сабзӣ мегардад.

Киштзори сабзӣ баъд аз кишти тухмӣ ба обёрии мунтазам эҳтиёҷи зиёд дорад. Дар ҳолати сари вақт обёрӣ накардани майсаҳои навсабзида онҳо тез нобуд мешаванд. Аз ин лиҳоз дар марҳилаҳои сабзиши тухмӣ намнокии хокро назорат кунед.

*** *** ***

Қаламфури ширин низ яке аз зироатҳои сабзавотии пурқиммат ба шумор рафта, талаботи он дар бозори дохилӣ зиёд аст. Қаламфури ширин низ зироати сабзавотии ба намнокӣ ва ғизонокии хок серталаб ба шумор меравад. Дар ҳолати нарму ғизонок будани хок ҳосилнокии қаламфури ширин зиёд мегардад. Ба гармии баланди ҳаво тобовар нест. Барои ҳамин ин зироатро дар бисёр кишварҳои дунё дар зери иншоотҳои бо тӯр пӯшонидашуда парвариш менамоянд. Яъне то 30% нури офтобро паст намуда, парвариши онро ба роҳ мемонанд. Дар ҳолати бениҳоят гарм будани ҳаво ва паст гардидани намнокии хок сифати қаламфури ширин паст мегардад, яъне каҷу килеб ва хурд мешавад.

Дар ҳолати бениҳоят гарм будани ҳаво яку якбора обёрӣ намудани қаламфури ширин хатарнок аст. Ин ба пайдоиши касалии пажмурдашавии фузариозӣ оварда мерасонад, ки бартараф намудани он дар мавриди пайдоиш ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз бегоҳирӯзи обёрӣ намудан дуруст аст. Обёрӣ тарзе анҷом дода мешавад, ки ҷӯяки қаламфури ширин пурра нам нашавад.

Нармкунӣ ва коркарди байни қаторҳо ва аз алафҳои бегона тоза намудани киштзор яке аз омилҳои гирифтани ҳосили баланди ин зироат мебошад.

Хурсандӣ Сафаралиев