Дар моҳи июл асосан корҳои агротехникӣ, обёрӣ, мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг гузаронидан лозим аст. Дар 15 рӯз як маротиба шустани баргҳои лимӯ баъд аз соати 18:00 тавсия дода мешавад. Обёрикунӣ бояд 1 маротиба ҳар 7-8 рӯз (намнокии хок 65-70%) гузаронида шавад.

Барои мубориза бар зидди тортанакканаи оддӣ ва ширинча бегоҳӣ бо маҳлули Энжио (барои 1 га 2,5 мл-ро бо 10 литр об омехта) коркард гузаронидан лозим аст. Вақти пайдошавии тортанакканаи сурх ва нуқрагин бо акаритсиди Ортус (Орто Стан) (барои 1 га 10 мл-ро бо 10 литр об омехта) ё пошидани 1% ИСО тавсия дода мешавад.

Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин (Долина Ук.) ва Оракул МКС (барои 1 га 20мл-ро бо 10 л об омехта) дар вақти мевабандӣ гузаронида мешавад. Барои ғизои асосӣ 50-100 гр мочевина, суперфосфат, калий сулфатро ба ҳар як буттаи лимӯ баъд аз гулкунӣ дар вақти мевабандӣ додан лозим аст. Инчунин даровардани нуриҳои органикӣ тавсия дода мешавад. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.

Махсут Отабеков