Ҳоло айни ҷамъоварии ҳосил аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ бошад айёми нигоҳубин, обёрӣ ва тайёрӣ барои чиниши ҳосили зардолу фаро расидааст. Аз ҷумла, дар охири моҳи июл баъди ғунучини ҳосил (ба дарахтон) ғизодиҳӣ аз реша ва ҳам аз барг барои замина гузоштан ба ҳосили соли оянда тавсия дода мешавад. Ин барои қувват бахшидани дарахтон, баланд бардоштани уствории дарахтон ба хунукиҳо дар фасли зимистон ва дар оянда пайдо кардани шохҳои ҳосилдиҳанда таъсири мусбӣ мерасонад. Коркард бар зидди ҳашаротҳои макканда ва хоянда низ зарур аст.

Махсут Отабеков