Барои минтақаи агроиқлимии Ҳисор (ноҳияҳои фарогиранда: Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Файзобод, Шаҳринав, Хуросон, ш. Душанбе) корҳои агротехникие, ки дар моҳи июн бояд иҷро карда шаванд кишти такрории мавсимии карам ва сабзӣ, обёрӣ, муҳофизат аз алафҳои бегона, хишовакунӣ, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг, чиниши ҳосил, муҳофизати растаниҳо аз гармиҳои баланд тавассути кашидани тӯрҳои сояафкан мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд. Дар давоми парвариши сабзавотҳо заҳрдоруҳоро истифода бурдан мумкин нест. Ғизодиҳӣ бо нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар вақти тайёр кардани хок гузаронида мешавад. Барои ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин (барои 1 га 0,5 л-ро бо 1000 л об омехта) коркард ва ё бо обёрӣ истифода бурда мешавад.

Инчунин дар ин моҳ ба ҷойҳои доимӣ шинонидани кӯчати қаламфури ширин ва парвариши кӯчатҳо дар ниҳолхонаҳо иҷро карда мешавад.

Мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон ва пешгирӣ бо коркарди заҳрдоруи Ридомил Голд (барои 1 га 10 гр + 5мл Вертимек ба 10 л об омехта), инчунин фунгитсиди Браво (барои 1 га 45 мл-ро ба 10л об омехта) тавсия дода мешавад. Барои ин зироатҳо ғизодиҳӣ аз барг ва обёрӣ бояд гузаронида шавад. Коркард бо Агровитамин (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта) ва ё Атонник (барои 1 га 150 мл-ро ба 300 л об омехта) 3 маротиба бо фосилаи 10 рӯз гузаронидан тавсия дода мешавад.

Дар бисёр минтақаҳои агроиқлимии ҷумҳурӣ дар ин моҳ боронҳои бардавом борид. Агар аз як тараф касалиҳои занбӯруғию бактериявӣ дар растаниҳои помидор ва бодиринг авҷ ёфта бошад, аз тарафи дигар дар шароити заминҳои кушод сафолак ба амал омад. Барои ҳамин яке аз чорабиниҳои аввалиндараҷа ин коркарди байни қаторҳо, яъне нарм кардани бехи растаниҳо мебошад, то ки реша хуб рушд намуда, дар растанӣ узвҳои ҳосилдиҳанда ба вуҷуд ояд. Бехи растаниҳои помидор бояд якчанд рӯз аз нурҳои баланди офтоб баҳра бурда, ба шароити номусоиди иқлим тобоварӣ пайдо намоянд. Аммо дар ҳолати обёрии паи ҳам ба касалиҳои гуногуни занбӯруғӣ ва бактериявӣ гирифтор шуданаш мумкин. Пеш аз обёрӣ нуриҳои азотиро истифода намоед. Инчунин истифодаи микроэлементҳо барои растаниҳои сабзавотӣ ҳатмӣ мебошанд. Микроэлементҳоро ба барги растаниҳо пошед. Ин чорабинӣ мубодилаи моддаҳоро дар растанӣ фаъол карда, ҳосилнокиро зиёд мекунад.

Дар давраи пухтарасии зироатҳои сабзавотӣ заҳрдоруҳоро истифода накунед. Киштзори помидор ва бодирингро мушоҳида намоед, ки кадом намуди ҳашароти зараррасон ва касалӣ пайдо шуда истодааст. Дар растаниҳои ҷавони бодиринг, ки нав ба ҳосилдиҳӣ шурӯъ намудаанд, барои пешгирӣ намудан аз касалии гардзании қалбакӣ (ложная мучнистая роса) пошидани заҳрдоруи Ридомил Голд (барои 1 га 2,5 кг-ро бо 1000 л об омехта) зарур аст.

Растании бодиринг ба об талаботи зиёд дорад. Дар шароити камобӣ ҳосилнокии он паст мегардад. Обёрии бомаврид ва истифодаи нуриҳои минералию органикӣ боиси ҳосили фаровони бодиринг мешавад. Бинобар тез-тез ва паи ҳам пухтани бодиринг пошидани заҳрдоруҳо бар зидди касалӣ ва зараррасонҳо мумкин нест. Аз ин лиҳоз, тавсия дода мешавад, ки домҳои равшанидиҳанда, домҳои феромонӣ, ҳашаротҳои фоидаоварро дар киштзорҳои бодиринг ва помидор ҳам дар шароити замини кушод ва ҳам пӯшида истифода баред. Ин усулҳои биологӣ имконият медиҳанд, ки шумо барои харидории заҳрдоруҳо хароҷоти зиёд накунед ва бо ин маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол намоед. Истифодаи ин усул бар зидди куяи помидор (томатная моль) низ натиҷаҳои назаррас медиҳад. Барои гирифтани ҳосили баланди зироатҳои сабзавотӣ киштзор бояд аз алафҳои бегона пурра тоза бошад.

Ҳарорати ҳаво низ рӯз аз рӯз баланд шуда истодааст. Дар ҳолати аз 350С боло шудани ҳарорат растаниҳо ба стресси табиӣ дучор мешаванд. Ин ҳолат ба паст гардидани ҳосилнокии зироатҳои сабзавотӣ, аз он ҷумла помидор ва бодиринг сабаб мешавад. Барои бартараф кардани ин ҳолат дар шароити заминҳои кушод ҷуворимаккаро ба дарозии ҷӯяки помидор ва бодиринг, дар масофаи 1 м аз ҳамдигар кишт намоед, растании помидор ва бодиринг аз нурҳои баланди офтоб зарар набинанд.

Дар шароити гармхонаҳо бошад, пӯшонидани тӯрҳои сояафкан мувофиқи мақсад аст. Дараҷаи сояафкании тӯрҳо бояд то 30-40%-ро ташкил намояд. Истифодаи поруи пӯсидаи безараркардашуда (дар ҳарорати 950С) барои гармхонаҳо ва заминҳои кушода бениҳоят самарабахш мебошад.

Хурсандӣ Сафаралиев
Махсут Отабеков