Корҳои агротехникие, ки моҳи июн бояд иҷро карда шаванд каландкунӣ, нармкунии байни қаторҳо, ғизодиҳи асосӣ (2 бор) ва аз барг (2 бор), обёрӣ ва мубориза бар зидди касалӣ ва ҳашароти зараррасон мебошад.

Барои муҳофизат аз касалии макроспороз фунгитсиди Дитан (барои1 га 1,0-2,0 кг-ро бо 200-400 л об омехта) пошидан лозим аст.

Муҳофизат аз ҳашаротҳои зараррасонро низ ба назар гирифтан лозим аст. Дар киштзор истифодаи ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди тиллочашмак (500-1000 адад барои 1 га), ё гаҳвораҷунбон (300-500 адад барои 1 га), ё трихограмма (60 ҳазор адад барои 1 га 3-5 бор), ё габрабракон (300-500 адад барои 1 га) барои муҳофизат аз зараррасонҳо бисёр самарабахш аст. Дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдоиши ширинчаи пахта, кирми ғӯза, кирми тирамоҳӣ, трипс ва тортанаккана бо инсектитсиди Каратэ (барои 1 га 0,5 л-ро бо 200-400 л об омехта), ё Нурелл Д (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта), кирми тирамоҳӣ — Полин К (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта) коркард гузаронидан тавсия карда мешавад.

Бар зидди алафҳои бегона, яксола (4-5 барг) ва ё бисёрсола (10-15 см аҷириқ, ғумой, хӯшадор) гербитсиди Зеллекс (барои 1 га 1,0-1,5 л-ро бо 300 л об омехта) мепошанд. Барои баланд бардоштани ҳосил баъд аз гулкунӣ, калоншавии мева ғизодиҳӣ аз баргро (2-3 маротиба бо фосилаи 10 рӯз) бо пошидани маҳлули макро-микроэлементҳо (барои 1 га Агровитамин — 2,0 л ва ё Атонник 200 мл-ро бо 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад.

Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев