Чун ҳамасола  шурўъ аз фасли баҳор дар сар то сари ҷумҳурӣ маъракаи наслгирӣ аз чорвои майда оғоз мегардад.  Тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 1.05.2020 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва  хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ)  ҷумҳурӣ 333089 сар насл аз чорвои майда гирифта шуд, ки 97%-и иҷрои дурнаморо дар бар мегирад, ки  нисбат ба соли гузашта 10362 сар зиёд мебошад.

Мутобиқи  фармоиши  вазорат  аз  02.04.2020, №54  шуруъ  аз  санаи 1-май маъракаи рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистона ба чарогоҳҳои тобистона оғоз гардидааст. Барои муташаккилона рондани чорво аз тарафи Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”-и вазорат нуқтаҳои назоратӣ ташкил гардида, онҳо бо маводҳои безараргардонӣ ва антисептикӣ таъмин карда шудаанд. Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.05.2020 тавассути нуқтаҳои назоратӣ 327 сар чорвои калон, 352285 сар гўсфанду буз ва  сар ба чарогоҳҳои тобистона ронда шудааст.

moa.tj