Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол меафзояд тибқи дурнамо соли ҷорӣ кишоварзони ҷумҳурӣ майдони кишти пахтаро  ба 190000 га расониданд. Барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ вусъат бахшида истодаанд. То санаи 08.05.2020 дар майдони 180073 га кишти пахта  гузарониданд, ки 94,8%-и иљрои дурнаморо ташкил дод.

Кишоварзони вилояти Хатлон рафти кишти пахтаро хуб ба роҳ монда айни замон дар майдони 122232 га кишти пунбадона гузарониданд, ки баробари 98,6%-и иҷроиши дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта –225 га кам мебошад. Дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд низ кишти пахта бомаром идома дошта, кишоварзон тибқи дурнамо дар майдони 60000 га кишти пахта гузарониданиянд. Айни замон майдони 54311 га  кишт карда шудааст, ки  баробари 90,5%-и иҷроиши дурнамо мебошад. НТҶ низ кишти пахтаро  мувофиқи нақша ба роҳ монда, то имрўз дар майдони 3530 га кишти пунбадона гузарониданд, ки 58,8%-и иҷроиши дурнаморо  ташкил медиҳад.

Барои дар муҳлати кўтоҳ ба анҷом расонидани кишт зиёда аз 1835 адад трактору тухмипошакҳо  мавриди истифодаи кишоварзон қарор дорад.

https://moa.tj/